Categories Хабарҳо

Нохонда-муваффақҳо (давомаш)

Силсилаи нафарони бузургу  машҳургаштаи олами технологияву фановарӣ, ки бидуни таҳсилоти олӣ тавонистаанд ба қуллаҳои муваффаққият бирасанд, аз нависанда ва ҳаҷвнигори маъруфи амрикоӣ Марк Твен оғоз мекунем.  Эҳтимол, маҳбубтарин нависанда ва ҳаҷвнигори Амрико Марк Твен пас аз офаридани персонажҳои классикӣ Том Сойер ва Геклберри Фин ба шӯҳрат расид. Романи ӯ «Саргузашти Геклберри Фин» -ро бисёриҳо «романи бузурги Амрико» мешуморанд. Барои касе, ки маълумоти миёнаи нопурра  дошт ва аз синни ёздаҳсолагӣ ба ҳайси шогирд наазди устое кор мекард, ин зинаи муваффаққият ҳаргиз бад нест.
Вақте ки Твен ҳаждаҳсола буд, ӯ дар Ню Йорк, Филаделфия ва Сент-Луис ба ҳайси чопгар кор мекард ва тамоми шомгоҳонро дар китобхона мегузаронд. Ӯ одате дошт, ки ҳар китобе, ки ба дасташ афтод, албатта пурра мутолиа мекард. Ин нависандаи маъруф далели он аст, ки истеъдод ва тавони дарку ақл як фазли худодода аст, ки ягон донишгоҳ ба одам дода наметавонад. 

Саноатчӣ ва соҳибкор Генри Фордро ҳам ба ин рӯйихат ҷойгир кардем. Дар таърихи Амрико, шояд кам касон шахсияти «худомӯзи бомуваффақият» бошанд.  Ҳенри Форд  мардест, ки соҳаи  саноати автомобилсозии ИМА умрбод дар ёд хоҳад дошт.  Форд маълумоти миёнаи нопурра дошт. Вай дар фермаи назди Детройт таваллуд шудааст ва дар он ҷо бо падари худ кор мекард ва падар  орзу дошт, ки писараш рӯзе хоҷагии худро дошта бошад. Ба ҷои ин, дар синни ҳабдаҳсолагӣ Форд аз хона баромада, дар Детройт шогирди машинист шуд ва ба ин васила касберо пеш гирифт, ки дар ниҳояти кор ҳаёти ӯро дигаргун карда, ӯро як саноатчии хеле сарватманд ва муваффақ гардонд. Бо вуҷуди он ки тақрибан маълумоти миёна надошт, Форд хатти механиконидашудаи конвейерро офарид ва  ба туфайли кори ӯ Детройт «Шаҳри Моторҳо» ном гирифт. 

Шоир ва драматург Уилям Шекспир яке аз шахсиятҳои маъруфи таърихист. Вай асарҳои дӯстдоштаи дунёро офаридааст, ки  хонандагони ҷаҳон онро то ҳол мақбул медонанд.  Ромео ва Ҷулетта, Леди Макбет ва ғайра. Аммо дар бораи ҳаёти ибтидоии Шекспир маълумоти хеле кам маълум аст; дарвоқеъ, ҳатто ягон маълумот дар бораи гирифтани маълумоти миёна вуҷуд надорад. Аз рӯи баъзе навиштаҳояш, ӯ дар синни сездаҳсолагӣ мактабро тарк кард. Тааҷҷубовар ба назар мерасад, ки шахсе, ки ба забони англисӣ  зиёда аз 1700 калима тӯҳфа кардааст, зоҳиран мактаби миёнаро хатм накардааст.  

Ходими давлатӣ ва сиёсӣ  Уинстон Черчилл низ дар қатори ҳамин гуна нохонда муваффақҳост.  Яке аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсии асри ХХ, ҳаҷвнигори машҳур ва устоди афоризмҳо — Уинстон Черчилл дар оилаи ашрофон ба дунё омадааст. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки ӯ ба зудӣ ба  зинаҳои  боло рафт ва дар ниҳоят Бритониёро ба пирӯзӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бурд. Воқеан аҷиб, ки  ӯ ба ин рӯйхат шомил шудааст, Вай бо таҳсилоти миёнаи нопурра  ба чунин баландӣ расидааст. Дар мактаб хеле бад таҳсил мекард ва барои корҳои нохубаш доимо ҷазо мегирифт. Дар хизмати ҳарбӣ низ ҳамин ҳол идом ёфт. 

Президенти Иёлоти Муттаҳида Авраам Линколн ҳам нохонда муваффақ аст гӯем, шояд на ҳам бовар кунанд. Авраам Линколн президенти шонздаҳуми Амрико буд. Вай миллатро шояд дар замонҳои душвортарин раҳбарӣ кард. Аммо марде,  ба ғуломӣ дар Иёлоти Муттаҳида хотима бахшид, гарчанде ки  саводи хуб надошт.Дар хурдиву наврасӣ дар танбалӣ ҳамто надошт. Линколн пас аз мустақилона омӯхтани ҳуқуқ дар вақти холӣ аъзои Коллегияи адвокатҳо шуд. Чунин ба назар мерасад, ки ӯ як вундеркинги  сиёсӣ буд. Ва агар ҳар он чизе, ки дар бораи ӯ гуфта мешавад, рост бошад, пас ӯ ба ҳама чиз ба шарофати мутолиаҳояш дар  хонаи хурди чӯбии худ зери равшании шамъ ноил гаштааст.

Алберт Эйнштейн олими фанни физика, ки зиёда аз 300 кори илмӣ нашр кардааст; шахсе, ки назарияи нисбиятро эҷод кардааст ва шахсе, ки ҷоизаи Нобелро ба даст овардааст, аз мактаби миёна ронда  шудааст. Вай кӯшиш кард, ки ба донишгоҳ дохил шавад, аммо имтиҳонҳои қабулро супорида натавонист. Баъдан ба коллеҷ дохил шуда бошад ҳам, аммо воқеият ҳамин аст, ки бузургтарин зеҳни асри ХХ аз мактаб ронда шудааст. 

Воқеан, сайёҳи фаронсавии Уқёнусҳои Ҷаҳон Жак-Ив Кусто низ ягон хел диплом надошт. 

Соима Саидӣ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *