Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфт ҳудуди 7000 ҷангиёни Толибон дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мустақар шудаанд. Дар ин бора ӯ дар маросиме бахшида ба 15 солагии татбиқи барномаи ВОМСА изҳор дошт.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо изҳори нигаронӣ аз таҷаммӯъи ҷангиёни Толибон дар сарҳадҳои Тоҷикистон гуфт: “6 ҳазору 825 ҷангиёни ҳаракати “Толибон” аз ҷануби Афғонистон ба шимоли он интиқол ёфта дар 29 бошишгоҳ дар вилоятҳои Балх, Кундуз, Таҳор ва Бадахшон тамрин мекунанд. Аксари ин ҷангиён зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд”.
Фармондеҳи нерӯҳои сарҳадӣ гуфт, ки ҳимояи марзи наздик ба 1400 километрии Тоҷикистону Афғонистон набояд дарди сари танҳо Тоҷикистон бошад. Ӯ аз созмонҳо ва кишварҳои кӯмакрасон ташаккур кард ва хостори кӯмакҳои бештари онҳо шуд.
Тибқи гуфтаи ӯ дар 15 соли амалигардонии барномаиВОМСА фармондеҳи нерӯҳои сарҳади ба Тоҷикистон 43 миллион евро кӯмак расонида шудааст. Ин барнома аз тарафи Комиссиюни Аврупо аз соли 2002 татбиқ мегардад ва ба рушди ҳамкориҳои сарҳадии 5 кишвари Осиёи Миёна нигаронида шудааст.
Мақомоти тоҷик дар ҳоле аз таҷамӯъи ҷангиёни Толибон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бештари коршиносон ба ин назаранд ин ҳаракат ҳаракати фаромиллӣ нест ва ба хориҷ аз афғонистон таҳдид намекунад.