Рубрики Хабарҳо

Дагир Хасавов: Вакилони қотили Ҳувайдо озодии ӯро талаб мекунанд

Дагир Хасавов, вакили дифоъи Ҳувайдо Тиллозода мегӯяд вакилони дифоъи Александр Сёмин дар додгоҳ бо такаббур ҳарф мезананд ва ҳеҷ гуноҳи ин кӯдаккушро эътироф намекунанд. Худи Сёмин низ худашро бегуноҳ меҳисобад.

Вакили дифоъи Ҳувайдо баъди хориҷ шуданаш аз мурофиъаи додгоҳӣ ба Паём гуфт, муносибати вакилони дифоъи Сёмин бо Абдусалом ва ҳамсари ӯ таҳқиромез аст ва онҳо ба додрас мегӯянд ин ду нафар волидони Ҳувайдо нестанд. Ва талаб мекунанд Абдусалом Саидов ва ҳамсараш аз парванда хориҷ карда шаванд. 

“Аммо гуноҳи ӯ дар ҷараёни тафтишот собит шудааст ва додрас ҳам наметавонад ӯро бегуноҳ барорад. Ин як мавқеъи аҳмақона ва бемасъулиятона аст. Падар будани Абдусалом ва модар будани ҳамсараш ҳам дар экспертизаи биоложӣ собит шудааст. Вакилони Абдусалом чун ҳеҷ ҳарфи гуфтании дигаре надоранд, бинобар ин ҳамин мавқеъро пеш гирифтаанд” – гуфт Хасавов ба Паём. 

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки пулис манфиъатдор аст, ки Сёмин ба ҳабс мақкум гардад, чун ба манфиати пулис нест, ки таҷовузкор дар озодӣ бошад. “Ҳамчунин ба додгоҳ имрӯз зане омад, ки шоҳиди ду духтари хурдсоли дигарро таъқиб кардани Сёмин шуда буданд. Мешавад бо итминони саддарсадӣ гуфт, ки гуноҳи Сёмин пурра собит шудааст”- таъкид кард. 

Тибқи гуфтаи Хасавов, ҳамин зан он замон ба пулис дар бораи Сёмин хабар доду буд ва пулис ҳам кормандаш Кузнетсовро масъули таъқиби ин кӯдакозор карда буд. Аммо беэътиноии ӯ боис шуд, ки Сёмин дар озодӣ бимонад ва даст ба таҷовузу куштори Ҳувайдои панҷсола занад. 

Вакили дифоъ гуфт, ки мурофиъа рӯзи душанбе идома хоҳад кард.

Паём ҳам мурофиъаро пайгирӣ намуда, хонандагони худро дар ҷараёни он қарор хоҳад дод. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *