Рубрики Хабарҳо

Бузургмеҳр ва оташи Намрӯд

Достони парастуеро, ки барои хомӯш кардани оташи Намрӯд бар ҳазрати Иброҳимро ба хотир доред? Вақте пурсида шуд чаро худатро заҳмат медиҳиву об мекашонӣ, дар ҳоле, ки ҳеҷ нафъе ба Иброҳим аз ин оби кӯчаки ту нест, посух дод “ман медонам, аммо массъулиятамро иҷро мекунам”. 

Аз он замон чанд ҳазор сол гузаштааст, аммо достони он парасту то ҳол вирди забонҳост ва яке аз ширинтарину омӯзандатарин достонҳои таърих аст. Ва парасту ҳам қаҳрамон. Ҳарчанд ӯ қаҳрамоние нишон надода, танҳо масъулияташро иҷро кардааст. Фақат бо камоли масъулият ва ба наҳви аҳсан. 

Мо қаҳрамоне дорем, ҳазор бор қаҳрамонтар аз он парасту, аммо ба ҷуз нафарони андаке аз ӯ ёд намекунем. Хатаре ба чони он парастуи ҳазрати Иброҳим таҳдид намекард, чун Намрӯду лашкариёнаш дар гумон аст, ки ӯро дида бошанд ва агар ҳам медиданд, танҳо ба ҳолаш механдиданд. Амммо қаҳрамони даврони мо бо донистани ин ки бузургтарин хатар ба ҷонаш таҳдид мекунад, тани танҳо муқобили низоми намрӯдӣ қиём кард. Таъқиб, таҳдид, дастгир, шиканҷа, зиндон шуд аммо аз муборизааш даст накашид ва масъулияташро канор нагузошт. Ҳарчанд дар банди зиндон аст, ҳанӯз барои хомӯш кардани оташ об мекашонад ва ҳанӯз танҳо номаш Намрӯду лашкариёнашро ба ларза меоварад. 

Режими Раҳмон 15 сол омодагӣ дид, бо тамоми қудрат бархост то пои рақиби асосиаш — Ҳизби наҳзати исломиро аз майдони сиёсат бирӯбад. Барои ин роҳро солҳо ҳамвор кард, рақибони кӯчактари зиёдашро аз байн бурд, ҲНИТ-ро тазъиф кард ва вақте ҳама чиз омода шуду бархост то рақибашро аз по дароварад, яке бархосту гуфт ман иҷоза намедиҳам, чун хилофи қонун аст. Парастуи шоҳиндиле бархост! 

Ин қаҳрамон Бузургмеҳр Ёров аст, ки имрӯз зодрӯз дорад. Намоди ҷасорат, ғурур, масълиятшиносӣ ва сарбаландӣ. Намоди шараф номус ва ҷавонмардӣ. 

Аввал хандиданду ба истеҳзо гирифтанд. Сипас таҳдид карданд, таъқиб намуданд, боздошту шиканҷа карданд, пои хонавода, волидон, зану фарзандашро ба миён кашиданд, вале ҳамон ҳарфашро такрор сохт: ман иҷоза намедиҳам, чун ғайриқонунӣ аст. Барои беш аз ду даҳсола равонаи зиндонаш сохтанд, падари меҳрубонашро аз даст дод, бародару хоҳараш маҷбур ба ҳиҷрат шуданд, вале ҳамоно садояш аз умқи зиндон шунида мешавад: ман иҷоза намедиҳам. Ва ин садо раъша дар ҷони намрӯдиён андохтааст. 

Ин садо дар тамоми ақсонуқоти ҷаҳон шунида мешавад, ҳазорҳо ҳамовозу мухлис пайдо кардааст, дар маҳфилҳо аз ин садо ҳарф мезананд, барояш ҷоизаҳо муайян мекунанд, дар баландтарин сатҳи ҳуқуқии ҷаҳон озодиашро талаб мекунанд, вале ҳанӯз ӯ ҳамон парастуи танҳост. Ӯ ҳанӯз об мекашонад ва ҳеҷ парастуе дар ватанаш ҷуръат намекунад ба ӯ ҳамроҳ шавад ва ё аз ӯ дифоъ кунад. Оташи Намрӯд ҳамагир шудааст, хушку тарро месӯзад, дигар на танҳо ҲНИТ, балки кулли мардум барои Намрӯд душман, хоин, террорист, ватанфурӯш шудаанд ва ӯ тамоми кишварро ба оташ кашидааст, то дигар ҳаргиз Иброҳиме зуҳур накунад. Вале ин парастуи қаҳрамон ҳанӯз об мекашонад. 

Медонед чаро он парастуи замони ҳазрати Иброҳим ҳанӯз қаҳрамон ва ин достон аз ширинтарину ҷаззобтарин достонҳост? Зеро агар он замон тамоми фароштурукҳо ва парандагону дарандангону хазандагони дигар об меоварданд, ҳеҷ оташе набуд. На танҳо оташ, худи Намрӯд бо ҷоҳу ҷалолаш зери об мемонд. Ва пои зулм аз ҷаҳон канда мешуд.  

Тамоми вакилону фаъолон на, сад нафар агар ба Бузургмеҳр ҳамроҳ мешуданду мегуфтанд, ки мо иҷоза намедиҳем, чун хилофи қонун аст, дасти Намрӯди замон ҳам кайҳо кӯтоҳ шуда буд. 

Мегӯянд ӯ шарикдарси Юсуф Раҳмон, додситони кул аст. Ва барои кадом коре додситон аз ӯ қасос мегирад. Мегӯянд шахси раисҷумҳур аз ҷуръати камназири ӯ дар ғазаб шуда амр кардааст сахттарин муҷозот барояш таъин кунанд. То ному асаре аз Бузургмеҳр намонад. 

Вале таърих гувоҳ аст, ки бузургмеҳрҳо барои садсолаҳо, ҳазорсолаҳо қаҳрамон мемонанд ва мардум достони онҳоро чун намоди шарафу номусу ҷавонмардӣ ба фарзандонашон қисса мекунанд. Вале ҳеҷ ному асаре аз юсуфраҳмонҳо намемонад. Онҳо баробари рафтан аз вазифа фаромӯш ва ба зуболадони таърих партофта мешаванд, бо ҷуз лаънату нафрин ёде аз онҳо бурда намешавад. Эмомалираҳмонҳо, яъне намрӯдҳо низ дар сафҳаи таърих чун доғи сиёҳ, чун шармандагии инсоният сабт мешаванд.

Ҳазорсолаҳост, ки вақте аз иброҳимҳо ёд мешавад номашонро мардум бо пайванди “ъалайҳираҳма” мегирад, вале чун аз намрӯдҳо ёд мешавад ба номашон пайванди дигар ҳамроҳ мешавад — “ъалайҳилаъна”. 

Лаънати Худову бандагонаш ба намрӯду намрӯдиён ва раҳмати Ӯ ба иброҳимҳову пайравонаш бод.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *