Украина баъди аз ҷониби кишвари Сурия ба расмият шинохта шудани ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск, ҳама равобит бо Сурияро қатъ мекунад. Дар ин бора раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар канали Telegram-и худ навишт.
Вай гуфт, дар ин сурат фишори таҳримҳо бар Сурия, бештар хоҳад шуд.
Рӯзи 29 июн шабакаи телевизионии SANA ва телевизиони давлатии Сурия бо такя ба як манбаи расмӣ дар вазорати хориҷа аз тасмими ин кишвар дар бораи эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск хабар доданд.
Сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, Маскав аз эътирофи ҷумҳуриҳои Донбасс аз ҷониби Сурия истиқбол мекунад.
***
РБК: Фаронса террористонеро, ки дар ҳамлаҳои 13 ноябри соли 2015 дар Париж даст доштанд, маҳкум кард. Он вақт дар назди варзишгоҳи Стад де Франс таркиш рух дод, ки он ҷо бозии футбол миёни дастаҳои Фаронса ва Олмон ҷараён дошт. Чанд нафар ба тарабхона ҳуҷум карданд ва хеле аз муштариёни тарабхона низ тирборон шуда буданд. Дар ин ҳамлаҳо дар маҷмӯъ 130 нафар кушта ва беш аз 350 нафар маҷрӯҳ шуданд. ДОИШ масъулияти ин ҳодисаҳоро бар ӯҳда гирифт. Дар пайи ҳамлаҳои террористӣ дар кишвар вазъияти изтирорӣ эълон шуда, якчанд маротиба тамдид шуда буд.
Дар маҷмӯъ нисбати 20 нафар террористон аз 2 то 30 сол ҳукми зиндон бароварданд ва 7 нафарашон ба ҳабси абад маҳкум карда шуданд.
Маҳкумшудагон метавонанд дар давоми даҳ рӯз аз болои ҳукм шикоят баранд.
***
Шабакаи радиоии ERR.ee рӯзи 29 июн хабар дод, ки сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон дар нишасти НАТО дар Мадрид эълом хоҳад кард, ки барои таҳкими ҷиноҳи шарқии ин паймон нерӯҳои изофӣ ба Эстония эъзом мешаванд.
Лондон ҳамчунин ҳадафи афзоиши шумори нерӯҳои НАТО дар Аврупоро дорад.
Бритониё дар ҳоли ҳозир ба баталони НАТО дар Эстония раҳбарӣ мекунад, ки ба ҷуз аз Бритониё 1200 сарбози Фаронса, Дания ва Исландияро дар бар мегирад.
***
Путин баъд аз нишасти шашуми Каспий изҳор дошт: «Ҳадафи ниҳоии ман озод кардани Донбасс, ҳифзи ин мардум ва фароҳам овардани шароит барои Русия барои таъмини амнияти худ аст.» Ӯ хоҳиш кард, ки дигар дар бораи давомнокии амалиёти вижа пурсида нашавад.
«Ин [давомнокии амалиёти махсус] аз суръати амалиёти ҷангӣ вобаста аст, ки бевосита ба талафоти эҳтимолӣ алоқаманд аст, мо бояд аввал дар бораи наҷоти ҷони бачаҳои худ фикр кунем.»
***
Bloomberg: Дар Осиё нархи ангишт ба сатҳи рекордӣ боло рафтааст
Ҳафтаи гузашта ангишти аз минтақаи Осиё ба Аврупо интиқолёфта барои як тонна 421 доллар фурӯхта шуд, ки ин нишондиҳандаи рекордии содироти ангишти Осиё мебошад
Тибқи шохиси IHS Markit, нархи як тонна ангишт дар бандари Нюкасл Австралия ба 402,5 доллар расида, бори аввал дар таърих аз 400 доллар барои як тонна гузаштааст.
Оҷонсӣ аз вазъи ин бозор мегӯяд, болоравии қимати ангишт метавонад боиси боло рафтани қимати нерӯи барқ барои истифодабарандагон ва камбуди манобеъ дар кишварҳои фақир шавад.
Инчунин, афзоиши талабот ба ангишт ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад, зеро ангишт яке аз «ифлос»тарин манобеъи энергетикӣ буда, айни замон хилофи стратегияҳои экологии як қатор кишварҳои Аврупо ва Осиё мебошад.
***
Вазири вазорати тандурустии Туркия Фахриддин Хоҷа ба васоити ахбори омма тавассути саҳифаи иҷтимоии Twitter гуфтааст, ки аввалин ҳодисаи гирифторӣ ба бемории сурхакони маймун дар Туркия тасдиқ шуд.
Бемор 37 сол дорад ва дар ташхиси тиббиаш аз заъфи масъуният гуфта шудааст, аммо сокини кадом минтақа буданаш дар хабар наомадааст.
Сурхакони маймун моҳи майи соли ҷорӣ дар Британияи Кабир хутур кард. Вирус дар як мусофири ҳавопаймо, ки аз Нигерия аст, пайдо шудааст. Баъдтар, дигар кишварҳо, аз ҷумла Австралия, Белгия, Канада, Иёлоти Муттаҳида, Гурҷистон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо дар ин бора гузориш доданд.
СҶБ ба хулосае омад, ки ин эпидемияи бемории сурхакони маймун як ҳолати фавқулоддаи байналмилалӣ нест. Ба иттилои ин созмон, аз аввали сол то охири моҳи июн дар 50 кишвари ҷаҳон 3413 нафар сироят ёфтаанд.
***
Чунин ба назар мерасад, ки Қазоқистон метавонад аз сабаби шуйӯъи дигарбораи вируси куруно ба ниқобпӯшӣ баргардад.
Sputnik Қазоқистон навиштааст, ки ба вазорати тандурустӣ дастур дода шуд, ки фаъолиятро оид ба эмкунӣ пурзӯр кунад.
Муовини нахуствазир Туғҷонов гуфтааст: «Дар ҳоли ҳозир шумори мубталоён ба коронавирус дар як рӯз 100 нафар афзоиш ёфта истодааст. Мо ба ҷаласаи Комиссияи муваққатӣ масъалаи пурзӯр кардани чораҳои карантиниро мегузорем. На танҳо дар бораи ниқобҳо, балки дар бораи чораҳои умумӣ низ.»