Рубрики Хабарҳо

“Билайн” баҳс бо Кумитаи андозро бохт

Даъвои Кумитаи андоз бо ширкати билайн, ки аз аввали соли ҷорӣ дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон идома дошт, ба нафъи Кумитаи андоз ҳал шуд.

Кумитаи андоз ҶДММ “Таком”-ро, ки зери бренди «Билайн-Тоҷикистон» фаъолият мекунад, ба маблағи  51 миллиону 144 ҳазор сомонӣ ҷарима баста буд.

Ширкати «Билайн» аз ин ҷаримабанди норозигӣ карда, ба Додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат кард. Аммо Додгоҳи иқтисодии Душанбе ин даъвои ширкати «Билайн»-ро рад намуд ва ширкати «Билайн» ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти касатсионӣ бурд.  

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, низ аз қарори Додгоҳи иқтисодии Душанбе ҳимоя намуд ва ширкати «Билайн»-ро ба пардохти ҷаримаи таъин шуда муваззаф кард.

Бештари  саҳмияҳои ширкати «Билайн» дар ихтиёри ширкати VEON буд, вале рӯзи 11-уми июн эълон кард, ки саҳми худро ба ширкати Zet mobile фурӯхтааст. Қаблан ширкати Zet mobile 2 дарсади саҳмияҳои ин ширкатро дар ихтиёр дошт ва ҳоло бо харидани 98 дарсади дигари саҳмияҳо, молики кулли ин ширкат ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумотҳо,  соҳибони «Таком» Ҳасан Асадуллозода (додарарӯси раисҷумҳур) ва ширкати Вымпелком ҳастанд.

Ин бори аввал нест, ки Кумитаи андоз ширкатҳои мобилиро ҷаримаҳои ҳангуфт мебандад. Соли 2016 ҳамин ширкати «Билайн»-ро ба напардохтани молиёт айбдор намуданд ва дар ҳаҷми 151,3 милион сомонӣ ҷарима баста буданд.

Инчунин ширкаҳои «Мегафон» 155 милион сомонӣ ва «Тселл» 155 милион сомонӣ дар соли 2016 ҷаримабанди шудаанд. Ин ду ширкати мобили, низ ба суд муроҷиат намуда, ҳардуҳам судро дар муқобили Кумитаи андоз бохта буданд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *