Волидон мегӯянд, $800 надоранд, ки ба Литсейи №3 Душанбе диҳанд
Арзиши солонаи таҳсил барои як хонанда дар литсейи тозабунёди №3 дар шаҳри Душанбе 7800 сомонӣ – баробар ба 800 доллари ИМА муқаррар шуд. Як сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки ду фарзандаш то кунун дар Гимназияи собиқ №53, (ҳамакнун Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе) таҳсил мекарданд, гуфт, бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе арзиши солонаи таҳсил дар литсейи мазкур 7800 сомонӣ муқаррар шудааст.
“Аз оғози моҳи август “маҷлисбозӣ” шуруъ шуд. Вақте эълон карданд, ки аз ҳар хонанда ҳамин миқдор маблағ талаб карда мешавад, аксари волидон изҳори норизоӣ карданд. Давоми моҳи август мо борҳо назди литсей ҷамъ шуда, аз норозӣ буданамон шикоят кардем. Зеро, агар ду сокин имкони пардохти ин маблағро дошта бошад, 10 каси дигар надорад. Аз ҳар кадоми мо 2-3- фарзандӣ дар гимназия таҳсил мекарданд. Ҳоло литсей шуду ин “бало” ба сарамон омад”, – гуфт сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки нахост номаш бурда шавад.
Вай афзуд, масъулони литсей ба талаби бознигарии қимати таҳсил ҳамеша як посух доранд: ҳар касе намехоҳад, ихтиёраш!
“Бачаҳоямонро бе мактаб карданд. Дафъаи охир падару модарон зиёд ҷамъ шуда буданд ва ҳама норозӣ буд. Охир, дар наздикиҳо мактаби дигар нест, ки фарзандонамонро онҷо барем. Масъулони литсей нахостанд, бо мо суҳбат кунанд, милисаҳоро даъват карданд ва милисаҳо бо дашному таҳқир моро аз назди литсей ронданд. Мактаб ҳам шуруъ шуд, вале тақдири бачаҳои мо то ҳол норуш”, – гуфт ин сокин.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо писараш, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 30 август аз бинои навсохти Литсейи №3 барои бачаҳои болаёқати шаҳри Душанбе пардабардорӣ кард. Сомонаи расмии президенти Тоҷикистон ва дигар расонаҳои давлативу ғайридавлатии кишвар ин хабарро бозтоб доданд. Расонаҳо аз ҷумла навиштанд, ки литсей аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ ва бунёд гардида, барои 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Ба навиштаи расонаҳо, ин литсей дорои 65 синфхона ва утоқҳои дигари ёрирасон мебошад.
Аммо расонаҳо ҷое ҳам ишора накарданд, ки арзиши солонаи таҳсил дар ин литсей ба 800 доллари ИМА баробар аст. Дар сурати бо 1200 хонанда пур шудани литсей, он солона наздики $1 миллион даромад меорад.