Дар Душанбе китоби нав — маҷмӯъаи суханрониҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 222 саҳифа бо забони русӣ нашр шудааст. Китобро нашриёти “Контраст” ба чоп расонида, “Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷаҳони муосир ва ҷанбаъҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон” ном дорад.
Китоб бо ибтикори ҳайати таҳририи нашрияи ҳукуматӣ — “Народная газета” ба нашр расида, онро мушовир калони дастгоҳи ёрдамчии раисҷумҳур оид ба равобити хориҷӣ Зафар Сайидзода ва муҳаррири “Народная газета” Маҳбуба Камолова омода кардаанд. Муаллифи сарсухан низ ин ду нафар мебошанд.
Онҳо ба ин назаранд, ки омӯзиши суханрониву паёмҳои раисҷумҳур ба хонанда имкон медиҳад маълумоти дақиқу амиқ дар бораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба даст оранд.
Қаблан Ато Мирхоҷа, шоири мадҳиянависи тоҷик дар як мадҳияаш дар бораи паёми Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд онро Путин таҳлил ва Син Тзинпин тафсир мекунанд:
Паёмашро кунад таҳлил Путин,
Трамп аз он баҳо бидҳад ба тоҷик.
Ба тафсираш нишинад Син Тзинпин,
Қазоқу қирғизу афғону ӯзбек…