Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечерка”, дар саҳифаи фейсбукияш аз ҷониби Вазорати мудофиа рад шудани номҳои ҷойгузин ба рутбаҳоро хабар дода, изҳори хушҳолӣ кардааст. Сардабири нашрияи “Вечерка” дар ин навиштори худ пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистонро “их идиотскими переводами званий” яъне аҳмақона унвон кардааст.
Ӯ менависад: Хорошая новость! полковник останется настоящим полковником, генерал будет мой генерал))) минобороны Таджикистана послали Комитет по языку с их идиотскими переводами званий))) вот так вот…
Аммо, Умед Ҷайҳонӣ, узви Гурӯҳи кории Кумитаи забону истилоҳот ва созандаи ҷойгузинҳои пешниҳодӣ дар вокуниш ба ин суханҳои Гулнора Амиршоева ба Паём гуфт, ки дараҷаҳои низомии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати ҶТ ва пас аз тасвиб дар Парлумон тағйир дода мешаванд, на бо хосту нахости Вазорати дифоъ.
“Чанд рӯз пеш расонае хабар дод, ки гӯё Вазорати дифоъ пешниҳодҳои Кумитаи забону истилоҳот барои ҷойгузинии дараҷаҳои низомии русиро радд карда бошад. Ҳамчун узви Гурӯҳи кории Кумитаи забону истилоҳот ва созандаи ҷойгузинҳои пешниҳодӣ ба иттилоъи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонам, ки дараҷаҳои низомии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати ҶТ ва пас аз тасвиб дар Маҷлис тағйир дода мешаванд, на бо хосту нахости Вазорати дифоъ”. — таъкид намуд Умед Ҷайҳонӣ.
Ӯ афзуд: “Ҳукумати ҶТ пешниҳодҳоро ҳануз баррасӣ накардааст. Аз ин рӯ, хабарҳои мунташиршуда дар расонаҳои Тоҷикистон ва Русия, ки гӯё Вазорати дифоъ пешниҳодҳои Кумитаи забону истилоҳотро радд кардааст, дурӯғ ҳастанд”.
Бобоҷони Шафеъ, коршиноси тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ дар вокуниш ба ин гуфтаҳои Гулнора Амиршоева навиштааст:
“БА НАЗАР МЕРАСАД ФЕЙСБУКИ ТОҶИКӢ НАМЕБИНАД, КИ РУСҲОВУ РУСПАРАСТОН ЧӢ ГУНА МОРО ВА ЗАБОНИ МОРО ТАҲҚИР МЕКУНАНД…”
Бо изҳори нигаронӣ Бобоҷони Шафеъ мегӯяд: “Кумитаи забон таҳқир шудани худро (послали) намебинад. Ниҳодҳои дигари нозир намебинанд, ки Амиршоева бо ин лафзи бегона ду ниҳодро ҷанг меандозад. Вазорати мудофиа Кумитаи забонро послали…”
Ёдовар мешавем, ки расонаҳои тоҷикиву русӣ хабар дода буданд, ки Вазорати дифои Тоҷикистон пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳотро дар мавриди тарҷумаи рутбаҳои ҳарбӣ ба забони тоҷикӣ комилан рад кардааст.
Қаблан Кумитаи забону истилоҳот пешниҳод карда буд, ки рутбаҳое монанди “полковник” “сарлашкар” ва “подполковник” “лашкарёр” тарҷума шавад.