Рубрики Хабарҳо

Дипломатҳои Русия Хайратонро ҳам тарк карданд

Дипломатҳои консулгарии Русия дар Мазори Шарифи Афғонистон, ки муваққатан дар шаҳри Ҳайратон кор мекарданд, ба Узбекистон бурда шуданд. Дар ин бора хабаргузории «Интерфакс» бо истинод ба намояндаи Вазорати умури хориҷии Узбекистон Юсуф Кабулҷонов хабар додааст.

Сафири Русия дар шаҳри Кобул Дмитрий Жирнов иттилоъ додааст, ки фаъолияти консулгарии кишвараш дар Мазори Шариф то «ба эътидол омадани вазъ» баста хоҳад монд. Зеро ба гуфтаи ӯ, вазъ дар худи шаҳру атрофи он ноором аст.

Мазори Шариф чаҳорумин шаҳри бузурги Афғонистон аст, ки дар шимоли вилояти Балх, дар 58-километрии шаҳри Тирмизи Узбекистон ҷойгир мебошад

Ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон дар пайи оғози бурунрафти неруҳои ИМА ва кишварҳои дигари НАТО тақвият ёфтаанд. Эътилофи ғарбӣ тасмим дорад, ки то миёнаҳои моҳи сентябри соли равон неруҳои худро пурра аз Афғонистон берун барад.

Ба иттилои ҳукумати Афғонистон, дар натиҷаи задухурдҳои мусаллаҳонаи неруҳои ин кишвар бо Толибон беш аз 2 миллион одам гуреза шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *