Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад дар се соли оянда барои иҷрои тарҳҳои сармоягузории давлатӣ ҳудуди 1,5 миллиард доллар аз хориҷ қарз гирад.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Барномаи қарзи давлатии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳо барои солҳои 2024-2025-ро тасдиқ кард.
Дар Барномаи қарзҳои давлатии берунии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 60 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 55 лоиҳаи қарзии мавҷуда ва 5 созишномаи нави қарзӣ пешбинӣ шудааст.
Созишномаҳои қарзии нав, ки дар маҷмӯъ 432 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳанд, иҷрои тарҳҳо дар бахшҳои энержӣ, иртибототи нақлиёт, обрасонӣ ва кишоварзиро дар бар мегиранд.
То 1 октябри соли 2022 ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон 3 миллиарду 800 миллион долларро ташкил дод, ки ба 37,1% маҷмӯъи маҳсулоти дохилиии кишвар баробар аст.
Ҳаҷми қарзҳои хориҷӣ дар сохтори қарзи давлатии кишвар 3 миллиарду 200 миллион доллар ва ҳаҷми қарзи дохилӣ 600 миллион долларро ташкил медиҳад.