Рубрики Хабарҳо

«Вагнер»аз тасарруфи Ростов ва Воронеж хабар дод. Қодиров: омодаи пахши шӯриш ҳастем

Гурӯҳи «Вагнер», ки нимашаби имрӯз эълони шӯриши низомӣ кард, аз ба тасарруф ба Ростов ва Воронеж хабар дод. Наворҳое аз ҳузури «Вагнер» дар Ростов дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, аммо далели ҳузури ин гурӯҳ дар Воронеж ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.

Дар наворе, ки гуфта мешавад Ростов аст, Евгений Пригожин, раҳбари гурӯҳи «Вагнер» бо Юнусбек Евкуров, муовини вазири дифоъи Русия баҳс мекунад ва Вазорати дифоъро ба марги ҳазорҳо сарбоз муттаҳам менамояд.

«Вагнер» ҳамчунин иддао кард ду чархбол ва як ҳавопаймои низомиро, ки дар Воронеж ба нерӯҳои ин гурӯҳ ҳамла карданд, сарнагун сохтааст.

Дақоиқе пеш чанд навор дар гурӯҳҳои телеграмӣ падо шуданд, ки аз ҳузури нерӯҳои «Вагнер» дар ноҳияи Бутурлиновкаи Воронеж ҳикоят мекунад. Дар наздикии ин ноҳия аэродроми Нерӯҳои ҳавоии Русия вуҷуд дорад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо муроҷиат ба мардуми ин кишвар хост аз пайвастан «ба фитна ва шӯриш» худдорӣ кунанд. Ӯ гуфт ҳамаи омилони шӯриш, аз ҷумла сарбозони «Вагнер» муҷозот хоҳанд шуд.

Рамазон Қодиров, раҳбарри Чеченистон изҳори омодагии пахши шӯриши Пригожин кард. Ӯ ин ошӯбро «ханҷар аз пушт» номида гуфт, ки омодааст дар татбиқи «чораҳои қатъӣ» ширкат кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *