11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

“Фароз” бо дастгирии ҳукумат заминҳои деҳқононро дар Суғд азхуд кард

Ҳукумати Тоҷикистон бо як қарораш зминҳои 4 хоҷагии деҳқонӣ дар вилояти Суғдро ба ихтиёри ширкати хусусии “Фароз” дод. Ин ширкат, ки ба домоди раисҷумҳур тааллуқ дорад, тасмим гирифтааст дар се ноҳияи шимоли кишвар терминалҳои байналмиллалии автомобилӣ бунёд кунад.

Тибқи ин қарори ҳукумат, ки 30 август ба тасвиб расидааст, 14 гектар замини 4 хоҷагии деҳқонӣ дар се ноҳияи вилояти Суғд аз соҳибонаш гирифта шуда, ба домоди раисҷумҳур тақдим гардидааст. Қисмати асосии ин заминҳо обӣ буда, қариб 4 гектари он дар Исфара боғт дарахтдор аст. 

Ҳукумати кишвар амр додааст 4 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонии “Собирова Раъно ва Фахриддин Нуриддинов ба нафъи “Фароз” аз соҳибонаш ситонида шавад. 3,53 гектари ин заминҳои обӣ боғҳои дарахтдор мебошанд. Ширкати Шамсулло Соҳибов ният дорад бо буридани ин дарахтҳо дар ин мавзеъ терминали автомобили ва хидматрасонии лоҷистикӣ бунёд кунад. 

Гуфтанист, домоди раисҷумҳур бештари сӯзишвории қочоқии худ аз Қирғизистонро тавассути марзҳои Исфара ворид месозад. Ин ҷинояти Соҳибов боиси забонкӯтоҳии ҳукумати Тоҷикистон назди ҳамтоёни қирғизашон гаштааст, ки пайваста дар баҳсҳои марзӣ ақибнишинӣ мекунанд.

Бо ҳамин қарори ҳукумат 5 гектар замини хоҷагии деҳқонии ба номи Суярқул Нишонов дар ноҳияи Панҷакент низ ба ихтиёри “Фароз” мегузарад. 4,65 гектари ин заминҳо обӣ мебошанд. Соҳибов ҳақи истифодаи беохир аз ин ҳаминҳоро пайдо кардааст.

Ҳамчунин ширкати домоди раисҷумҳур барои сохтмони термнали автомобилии “Фотеҳобод” дар ноҳияи Мастчоҳ 5 гектар замини хоҷагии деҳқонии “Абумуслим”-ро ғасб кардааст. 

Тибқи қарори ҳукумат, “Фароз” муваззаф шудааст барои ҷуброни зарари аз истифодаи кишоварзӣ гирифта шудани заминҳо 2,1 миллион сомонӣ ба давлат пардохт кунад. 

Ба хоҷагиҳое, ки заминҳояшон гирифта мешавад, тибқи қарор аз ҷои дигар замин дода мешавад, вале дар бораи пардохти ҷуброн ба онҳо ҳарфе нест. 

Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон бо ғасби амвол ва ширкатҳо аз соҳибкорон машҳур аст. Танҳо дар соли 2018 ӯ ширкати “Вефа-сентр”, ки ба соҳибкорони турк таъаллуқ дошт ва Лото-спорт, ки моли соҳибкорони тоҷик будро, ғасб кард. Ҳамчунин домоди раисҷумҳур дар ин сол ташхиси тиббии макиаббачагон, хатнаи кӯдакон ва чанд хидматрасонии дигарро монополияи хул гардонд.

Худи ширкати “Фароз” ҳам ғасбшуда аст. Ин ширкат қаблан ба Умаралӣ Қувватов, соҳибкор ва поягузори Гурӯҳи 24 таъаллуқ дошт, ки аз тарафи Шамсулло Соҳибов ғасб гардид. Шамсулло Соҳибовро фармоишгари қатли Умаралӣ Қувватов медонанд, ки соли 2015 дар Истамбули Туркия парронда шуд. 

Дифоъи беш аз 50 узви Созмони милал

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *