Рубрики Хабарҳо

Дифоъи беш аз 50 узви Созмони милал аз мардуми Кашмир

Панҷоҳ узви Созмони милал аз давлати Ҳинд хостанд ба нақзи ҳуқуқи башар дар Ҷому ва Кашмир поён диҳад. 

Панҷоҳ узви Созмони милал дар ҳимоят аз суханони имрӯзи шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар дар Жинева тайи баёнияи муштараке эълом карданд: Ҳинд нақзи ҳуқуқи башар дар Ҷому ва Кашмирро мутаваққиф кунад. 

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: 

“Вазъияти феълии Кашмир изтирорӣ аст. Ҳинд ба маҳдудиятҳои иртиботӣ, муқаррароти манъи рафту омад, боздошти фаъолони сиёсӣ, истифода аз нерӯи низомии беш аз ҳадд алайҳи мардум поён диҳад. 

Нигаронии Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милал нисбат ба иқдомоти ахири Ҳинд дуруст аст. Барои барраси мавориди “ваҳшатнок”-и нақзи ҳуқуқи башар дар Кашмир бояд зери назари Созмони милал як комиссияи таҳқиқ ташкил шавад”. 

Гуфтанист, Деҳлии нав як моҳи пеш дар Ҷому ва Кашмир хатҳои собит ва ҳамроҳи телефонро қатъ ва дастрасӣ ба интернетро низ маҳдуд карда буд. 

Намояндагони маҷлиси қонунгузори парлумони Ҳинд дар шашуми август лоиҳаи тақсими Иёлоти Ҷому ва Кашмир ба ду сарзамини иттиҳодияи ҷудогонаро тасвиб карданд. 

Ин лоиҳа як рӯзи пеш низ дар маҷлиси аълои парлумони Ҳинд ба ройгирӣ гузошта шуда ва бо 125 мусбат дар муқобили 61 раъйи манфӣ ба тасвиби намояндагони ин маҷлис расида буд. 

Аз сӯи дигар, тарҳи пешниҳодӣ барои лағви модаи 370-и қонуни асосии Ҳинд низ, ки мавқеияти вижае ба минтақаи Ҷому ва Кашмир эъто мекунад, дар маҷлиси қонунгузорӣ бо 351 раъйи “бале”, 72 раъйи “на” ва як раъйи “мумтанеъ” тасвиб шуда буд. 

Пас аз истиқлоли Ҳинд ва Покистон аз истеъмори Бритониё то кунун 3 ҷанг дар солҳои (1947, 1965 ва 1971) миёни ду кишвар бар сари масъалаи Кашмир рух дода ва беш аз 70 ҳазор нафар дар ин даргириҳо кушта шуданд. 

Гурӯҳҳои озодихоҳи Кашмир дар соли 1989 мубориза барои истиқлол аз Ҳинд ва пайвастан ба Покистонро оғоз карданд. Аз соли 1989 то кунун беш аз 100 ҳазор кашмирӣ тавассути нерӯҳои амниятии Ҳинд кушта ва беш аз 10 ҳазор зан дар ин минтақа мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд. 

Гоҳе дар хатти контроли минтақаи озоди Кашмир, ки дар контроли Покистон қарор дорад ва ҳамчунин минтақаи Ҷому ва Кашмир, ки таҳти ҳокимияти Ҳинд аст, даргириҳое миёни низомиёни ду кишвар рӯй медиҳад. Аз соли 2003 то кунун ду тараф якдигарро ба нақзи оташбас дар ин минтақа муттаҳам мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *