Кумитаи ҳимоят аз журналистон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки қазияи “зоҳиран махсус дастнорас шудани” вебсайтҳои медиа-гурӯҳи “Азия-Плюс”-ро таҳқиқ ва дастрасӣ ба ин расонаро таъмин кунанд.
Кумитаи ҳимоят аз журналистон , ки мақарраш дар Ню-Йорк аст, бо нашри изҳороте 10 сентябр навишт, ки аз 19 август ба ин тараф ду вебсайт ва имейлҳои кории ширкати “Азия-Плюс” комилан аз фаъолият мондаанд.
Гуфта мешуд дар исми домени вебсайтҳои news.tj ва asiaplus.tj махсусан тағйирот ворид шуда, ҳамин чиз боиси дастнорас шудани матолиби “Азия-Плюс” шуд. Мутахассисони фанновариҳои интернетӣ ҳолатеро, ки “Азия-Плюс” бо он дучор шудааст, ҳамчун “ҳамлаи ҳакерӣ” ва ҳам “дахолати моҳирона бо фанновариҳои навин” шарҳ додааст.
Вале дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ки ба ин ҳолат ҳеҷ рабте надоранд ва шикояти расонаро ҳатман мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд. Вале зоҳиран, мушкиле, ки ба қавли мутахассисони фаннӣ имкони ҳал шуданаш дар фурсати кӯтоҳ имконпазир аст, наздики як моҳ аст, ки ҳал намешавад ва ё ба дарозо кашида шудааст.
Қаблан манобеъи Паём иттилоъ дод буданд, ки Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон мехоҳад медиахолдинги “Азия Плюс”-ро ғасб кунад.