Рубрики Хабарҳо

250 сомонӣ аз ҳар даъватшаванда ба ҳарбӣ дар Нуробод

Дар ноҳияи Нуробод мақомот роҳи нави пулкоркуниро кашф кардаанд. Онҷо аз ҳар даъватшаванда 250 сомонӣ меситонанд.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём ҳади ақал дар ҷамоъати деҳоти Ҳакимии ин ноҳия раисони маҳалла муваззаф шудаанд аз даъватшавандагон пул ҷамъоварӣ кунанд. Як манбаъ аз деҳаи Таги Камари ҷамоъати Ҳакимӣ хабар дод, ки раиси маҳалла Нур Саидов хона ба хонаи мардум, онҳое, ки ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ доранд, гаштаву эълон кардааст аз сари ҳар даъватшаванда бояд 250 сомонӣ пардохт кунанд. Оилаҳое ҳам ҳастанд, ки се фарзанди синни даъват доранд ва муваззаф шудаанд 750 сомонӣ ба раиси маҳалла бипардозанд.
Дар ҳамин ҳол ҳеҷ расид ё ҳуҷҷати дигаре барои пулҳои гирифтаашон намедиҳанд.
Саидов гуфтааст ӯ ин корро бо супориши раиси ҷамоъат Халил Розиқов анҷом медиҳад.
Ҳар сол дар мавсими даъвати ҷавонон ба артиш, мақомоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон усулҳои нав ба нави пулситонӣ аз мардум ва ҷалби ҷавононро кашф мекунанд. Дар мавсими баҳорӣ дар ҷамоъатҳои Ворух ва Чрркӯҳи ноҳияи Исфара, ШВКД ва ШКДАМ дар ин ноҳия волидони ҷавонони синни даъват ба артишро ба ҳабс гирифта буданд, то фарзандони эшон баргарданд. Бо ин роҳ онҳо на танҳо даҳҳо нафарро баргардонида ба артиш гусел карданд, балки аз даҳҳо волидони дигар ба ивази раҳоӣ аз 500 то 2000 долларӣ ришва гирифтанд.
Моҳи августи соли ҷорӣ низ расонаҳо хабар доданд фурӯши билетҳои ҳавопаймо дар ин ноҳия ба ҷавонони синни даъват ба артиш манъ шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *