Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо фармони худ Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи табодул ва ҳифзи маълумоти махфиро ба тасвиб расонд.
Тарафҳо 2 июни соли 2022 дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон дар Тошканд як созишномаи байналмилалӣ имзо карданд.
Хадамоти амнияти давлатӣ масъулияти иҷрои созишномаи байналмилалӣ дар Узбакистонро ба ӯҳда хоҳад дошт.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи иҷрои расмиёти дохилии зарурӣ барои эътибор пайдо кардани созишнома огоҳии дахлдор ирсол хоҳад кард.