Рубрики Хабарҳо

Роғун 1 млрд қарздор аст

Хайрулло Сафарзода, мудири кулли ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ва узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири палатаи болоии парлумон ҳадафи иҷозат барои хусусигардонии амволи нерӯгоҳро шарҳ додааст.

Сафарзода зимни шарҳи иҷозатдиҳӣ барои хусусигардонии амволи “Роғун” ҳаҷми қарздории нерӯгоҳро дар назди коршарикон дар оғози соли равон беш аз 1 миллиард сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Мудири кулли “Роғун” масъалаи пардохти уҳдадориҳо дар назди коршариконро масъалаи ҳалталаб ва таъхирнопазир хондааст.

Сафарзода иттилоъ дод “Аз ҷумла, уҳдадориҳои молиявӣ дар назди ширкатҳои паймонкор, молрасон ва хизматрасони ватаниву хориҷӣ то 1 январи соли 2020 дар маҷмӯъ, зиёда аз 1 миллиард  сомониро ташкил медиҳад”.

Ӯ афзуд, маблағҳое, ки аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ ё худ евробондҳо ҷалб гардида буданд, пурра харҷ шуданд.

Ӯ таъкид намуд, ки сохтмони “Роғун” ба маблағгузории муътадил ниёз дорад ва фурӯши бархе амволи онро мувофиқи мақсад арзёбӣ кард.

Нерӯгоҳи Роғун ҳоло дар тавозун дороии зиёд дорад, ки қисми он на дар маҳалли ҷойгиршавӣ, балки дар дигар минтақаҳои кишвар ҷойгиранд. Мудири кул тавзеҳ дод, ки истифодаи ин дороиҳо аз рӯи таъиноташон ғайриимкон мебошаду ҳар рӯз хароҷоти молиявиро барои нерӯгоҳ ба бор оварда истодаанд.

Сафарзода ҳадафи иҷозат барои хусусигардониро роҳандозии ҳамкорӣ бо созмонҳои молиявии ватанию хориҷӣ гуфта, аз ин иқдом беҳтар гардидани маблағгузории сохтмони неругоҳро интизор аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *