Дар соли 2017 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 18 нафар қочоқбари маводи мухаддир кушта ва 20 нафари дигар дастгир шуданд.
Бино ба иттилои “ АМИТ Ховар”, дар як соли охир дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон 31 ҳамлаи мусаллаҳона аз ҷониби қочоқчиёни маводи мухаддир ва марзбонони тоҷик ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 18 нафар кушта ва 20 тани дигар дастгир карда шудаанд.
Ба гуфтаи марзбонони кишвар, ҳамзамон дар соли 2017 “дар марз 138 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 105 далели вайронкунии низоми сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 205 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва 201 нафар вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд.”
Пеш аз ин Тоҷикстон бар асари зиёд шудани чунин задухӯрдҳои мусаллаҳона дар декабри соли 2017 панҷ пул ва гузаргоҳи сарҳадиашро баст, ки дар натиҷа бозорҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон низ муваққатан барҳам дода шуданд.
Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад, ки ҳамасола байни марзбонони тоҷик ва қочоқчиёни маводи мухаддиру дигар касоне, ки мехоҳанд ба таври ғайриқонунӣ марзро убур кунанд, чунин задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меояд.