Хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурии Қиғизистон хабар додааст, ки дар ҷараёни обхезӣ дар ҷануби Қирғизистон шаш нафар фавтиданд.
Боришоти пай дар пай боиси обхезӣ дар деҳоти Янги-Ёл дар ноҳияи Аксӣ гардид. Хеле аз манзилҳои истиқоматии аҳолӣ дар деҳаҳои Янги-Ёл ва Тоштак зери об монданд. Ҳафт нафар ғарқ шуданд ва то ҳоло ҷасади 6 нафарро пайдо карданд.
Айни ҳол дар маҳалл фоҷеъа даҳҳо наҷотбахш кор мекунанд. Дар рафъи оқибатҳои офат мақомоти маҳаллӣ, полис ва ихтиёриён низ ширкат меварзанд.
Қаблан Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар СМС-огоҳинома фиристода, шаҳрвандонро дар бораи хатари обхезӣ дар минтақаҳои кӯҳии кишвар рӯзҳои 12-14 июл огоҳ карда буд.