Рубрики Хабарҳо

SIPRI: Коруно боиси афзоиши таниш ва даргириҳо дар ҷаҳон мешавад

Ба бовари коршиносони Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стокголм (SIPRI) коруно боиси ташдиди танишҳои сиёсӣ дар ҷаҳон мешавад. Раиси институти SIPRI ҳатто нисбат ба баромади муҷаддади Доъиш ва ифротгароӣ дар Ироқ ва Сурия ибрози нигаронӣ кардааст. 

Афзоиши таниш ва даргириҳои низомӣ дар манотиқи буҳронзадаи ҷаҳон мухаррибтарин паёмади шуйӯъи бемории коруно ба ҳисоб меояд. Ин арзёбии Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стокголм (SIPRI) аст. 

Ба бовари коршиносони SIPRI, дастёбӣ ба сулҳ дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон дар асари шуйӯъи бемории коруно душвортар хоҳад шуд. 

Дон Смит, раиси институти ёдшуда, нисбат ба ташдиди танишҳо ва даргириҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин густариши фаъолитҳои террористӣ дар сояи шуйӯъи бемории коруно ҳушдор додааст. 

Ба бовари ӯ: “Ин мавзӯъ ба хусус дар мавриди кишварҳои Ироқ ва Сурия сидқ мекунад. Дар Ироқ ҳатто нишонаҳои баромади муҷаддади гурӯҳи террористӣ “Далата исломӣ” (Доъиш) мушоҳида мешавад.” 

Раиси институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стокголм ҳамчунин дар мавриди вазъияти ҳоким бар кишвари ҷангзадаи Яман ҳушдор додааст. Ба бовари ӯ, шуйӯъи бемории коруно метавонад мунҷар ба тадовум ва ташдиди даргириҳо байни гурӯҳҳои мутахосим дар Яман гардад. 

Дон Смит ҳамчунин авзоъи ҳоким бар шохи Африқо ва бахшҳое аз ғарб ин қораро нигаронкунанда арзёбӣ кардааст. Дар кишварҳои Нигерия ва Моли авзоъи вахимтар аз соири нуқот арзёбӣ шудааст. 

Шуйӯъи бемории коруно бунёнҳои иқтисодӣ дар ин кишварҳоро ба ларза андохта ва мунҷар ба тазъифи давлатҳо шудааст. Мардуми ин кишварҳо барои таъмини ғизои худ бо душвориҳои бисёре рӯ ба рӯ ҳастанд. 

Смит гуфтааст: “Бархе барои дастёбӣ ба маводи хӯрокӣ метавонанд ҷазби нерӯҳои ифротгаро шаванд.” 

“Оғози даврони нооромиҳои сиёсӣ” 

Роберт Мали, раиси андешакадаи “Гурӯҳи байналмилалии буҳрон” низ мӯътақид аст, ки буҳронҳои иқтисодии бархоста аз шуйӯъи бемории коруно метавонанд ба танишҳои байналмилалӣ доман бизананд. 

Ба бовари ӯ: “Вайронии иқтисодӣ дар сояи буҳрони коруно метавонад барои манотиқи буҳронзадаи ҷаҳон паёмадҳое ба ҳамроҳ дошта бошад.” 

Роберт Мали, ки пеш аз ин ба унвони мушовири сиёсатҳои Ховари миёнаи Барак Обама фаъолият мекард, муъқотид аст: “Мо дар оғози як давраи ҷадид аз нооромиҳои сиёсӣ қарор дорем. Нооромиҳое, ки аз як кишвар ба кишвари дигар сироят карда ва ташдид мешаванд.” 

Раиси “гуруҳи байналмилалии буҳрон” гуфтааст, ки ҷаҳон ҳатто пеш аз шурӯъи шуйӯъи коруно бо нооромиҳои сиёсӣ дар Гонконг, Ироқ, Судон, Лубнон, Алҷазоир ва шуморе аз кишварҳои Амрикои лотин рӯбарӯ будааст. 

Ба бовари ӯ, авомиле ҳамчун тадовуми рукуди иқтисодӣ, камбуди маводи ғизоӣ, бекорӣ ва коҳиши даромадҳои мардум метавонад дар сояи шуйӯъи вируси коруно шиддат ёфта ва ба ин норизоятиҳо беш аз пеш доман бизананд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *