Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имсол дар ҷумҳурӣ бояд 605 ҳазору 483 гектар замин шудгор карда шавад ва то охири моҳи феврали соли 2023 майдони кишт ҳудуди 540 ҳазор гектар ё 90 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ин чумла зиёда аз 176 хазор гектараш барои кишти галла, 186 хазор гектараш пахта, кариб 283 хазор гектараш барои кишти сабзавот, зироатхои полизй ва дигар зироатхо чудо карда шудааст.
«Дар соли 2023 дар Тоҷикистон 1,6 миллион тонна ғалла, аз ҷумла 975 ҳазор тонна гандум ба нақша гирифта шудааст. Ҷамъоварии пахта дар ҳудуди 430 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, кишоварзон вазифадор шудаанд, ки беш аз 3,5 миллион тонна сабзавот истеҳсол кунанд.
Имсол майдони кишти пиёзу сабзй низ васеъ карда шуд. Чамъоварии пиёз дар мавсим бояд 747 хазор тонна ва сабзй бештар аз 500 хазор тоннаро ташкил дихад.
Талаботи солона ба пиёз дар ҷумҳурӣ 300 ҳазор тонна ва сабзӣ 250 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.
Инчунин, бо баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз 1 гектар ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 1миллиону 172 тонна расонида мешавад.