Мақоли “биниашро ба ҳама ҷо мехалад” ба рӯҳониёни расмии имрӯзаи тоҷик дуруст мегирад. Онҳо коршиносони масоили сиёсӣ, муносиботи байналмилал ва ҳатто бокс ҳастанд. Хутбаҳои рӯзи ҷумъа ба як шӯрои сиёсӣ табдил шудааст, ки дар он таблиғи сиёсати як ҳизб сурат мегирад. Насиҳат ба ҷавонон бо даъвати дӯст доштани “пешвои миллат” ва дуъо крадан дар ҳақи ӯ хатм мешавад.
Трасформатсияи имомхатибон
Дар даҳ соли охир дар фаъолияти имомхатибон тағйироти зиёде ба амал омад. Онҳо аз рӯҳонӣ ба маънии том ба мансабдори давлатӣ табдил шуданд.
Баъди қабули Қонун дар бораи озодии виҷдон ва ҷамъиятҳои динӣ, масоҷиди Тоҷикистон муваззаф шуданд аз нав ба қайд гирифта шаванд. Вале азнавбақайдгирӣ ба ниме аз масҷидҳо муяссар нашуд. Қисме аз онҳо то ҳанӯз дар талоши бақайдгириянд.
Азнавбақайдгирӣ ҳатто ба масоҷиде, ки дар асрҳои 16-18 сохта шуда буданд, муяссар нагардид. Онҳоро ба чойхона, клуб, сартарошхона ва ғайра табдил доданд. Хондани намоз дар онҳо манъ шудааст.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон имомхатибро муассисони масҷид таъин мекунанд. Вале Кумитаи дин усули нав фикр карда баромад — тасдиқи имомхатиб ба мавқеъаш.
Дертар имтиҳонгирии ҳарсола аз имомхатибонро ҷорӣ карданд. Ҳар хатибе ба мақомот писанд набуд, аз имтиҳон намегузашт. То ҳанӯз имтиҳон роҳи асосии гуселонидани дилхоҳ имом барои камтарин хато боқӣ мемонад.
Дертар вазъи имомхатибон бадтар шуд — онҳоро муваззаф ба пӯшидани либоси ягона карданд ва барояшон моҳона муқаррар намуданд.
Ҳоло имомхатибон муваззафанд аз рӯи матне, ки Кумитаи дин барояшон тайёр кардааст, хутба хонанд. Яъне онҳо танҳо мавқеъи расмии Душанберо баён мекунанд. Муҳим нест, ки баъзе аз хутбаҳо на танҳо бо шариъат мутобиқат намекунанд, балки зиди қавонини Ислом ҳастанд.
Чаро имомхатибон гардан ба хорӣ ниҳодаанд?
Зеро “тозакунӣ”-и имомхатибони нописанд ба мақомот танҳо онҳоеро боқӣ гузошт, ки шариатро ба бизнес табдил додаанд.
Тибқи қарори Шӯрои уламо, ҳамаи маросими диниро танҳо имомхатибони расмӣ, ки Кумитаи дин тасдиқ кардааст, ҳақи гузаронидан доранд. Никоҳ, ҷаноза, хутба, насиҳат, фатво ва ғайра. Барои газаронидани ҳар маросиме имомхатибон маблағ меситонанд. Нарх аз 100 сомонӣ оғоз ёфта, вобаста ба маҳал ва иштиҳои рӯҳонӣ то $1000 мерасад.
Бо назардошти ин ки бештари масоҷид дар деҳаҳо баста шудаанд ва ё аксари масъулиятҳои имомони масҷидҳо ба ягона имомхатиб дар ноҳия дода шудааст, метавон даромади онҳоро тақрибан ҳисоб кард. Шумо ҳам агар чунин даромад медоштед, розӣ будед, ки динатонро ба дунё иваз кунед?
Ҳамчунин дар ҳар масҷид сандуқи хайрия вуҷуд дорад. Маблағҳои ҷамъшуда дар онҳо чӣ гуна ва дар куҷо масраф мешаванд, ба касе маълум нест.
Фишор болои рӯҳониён ва танг кардани мавқеъи онҳо дарҳоро барои маблағситонӣ боз кардааст. Алъон мансаби имомхатибӣ ҳам нархи худро дорад. Масалан дар масоҷиди Душанбе нархи як минбари имомхатиб 30 ҳазор доллар аст. Дар навоҳӣ ин нарх байни 5 то 10 ҳазор доллар бозӣ мекунад.
Вобастагии пурраи имомхатибон аз Кумитаи дин ва дар навбати хуб вобастагии ин кумита аз КДАМ боис шудааст Шӯрои уламо дар кулл ва баъзе аз имомхатибон дар ҷузъ фатовое содир кунанд, ки онҳоро хандахариши мардум созад. Барои донистани аҳмақона будани ин фатово, донишманди динӣ будан шарт нест.
Барои мисол ин ниҳод танқиди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ҳаром эълон кардааст ва дар муқобил дар ҳар намоз ва ҳатто маҷлисе дар ҳаққи ӯ дуъо мекунад. Дар вохӯриҳо бо раисҷумҳур ҳам имомхатибон дар мадҳи ӯ пешқадаманд.
Баъди “фатво”-и раисҷумҳур дар бораи ҷоиз будани хӯрдани рӯза аз тарафи коргарони НБО “Роғун” ва деҳқонон, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раҳбари Шӯрои уламо дарҳол аз ин сохтмон дидан кард ва фатвои Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ кард. “Мо вақте мавзеи корро дидем, рости гап, барои одами рӯзадор машаққат аст. Вақте вориди тунелҳо шудем, буйи дуду газ шароити корро хеле мушкил кардааст. Коргарон дар ҷойҳои то 300 метр чуқур кор мекунанд. Он ҷо дар ин бора сухан кардем, ки аз нигоҳи мазҳаб дар ин ҳолате, ки шумо қарор доред, иҷоза ҳаст, ифтор кунед ва вақту моҳи муносиб рӯза бигиред” — гуфт муовини ӯ Усмоналӣ Нуров.
Шӯрои уламо аз мардум даъват кард ба ҷои ҳаҷи такрорӣ роҳҳо дар кишварро обод кунанд. Абдуқодирзода гуфт “мӯъминон метавонанд ин маблағҳоро барои таъмири роҳҳо ва кандани чоҳҳои об сарф кунанд, Худованд омилони ин корҳои савобро бе подош намегузорад”. Ин фатвои раиси Шӯрои уламо ҳам танҳо тасдиқи “фатво”-и раисҷумҳур аст, ки қаблан содир карда буд. Даъвати раисҷумҳур ва Шӯрои уламо ба таъсири роҳ дар ҳолест, ки давлат солона садҳо миллион сомонӣ аз истифодабандагони роҳ андоз меситонад, вале ин андозҳо ба куҷо мераванд, то ҳол ҳеҷ гузорише надодааст. Ҳамчунин домоди раисҷумҳур Ҷамолиддин Нуралиев ва духтари ӯ Озода Раҳмон роҳи ягонаи байни пойтахт ва шимоли кишварро пулакӣ карда, солона беш аз миллиард сомонӣ даромад мегиранд, вале ҳатто ҳамин роҳро таъмир намекунанд.
Аз фатовои аҷиби дигари Шӯрои уламо манъи идгардаки кӯдакон дар ду иди исломӣ аст. Ин ниҳоди монополисти фатво иддао кард, ки “идгардак”-и кӯдакон аз як тараф боис ба ташвиши мардум шуда, аз тарафи дигар “ба амният ва саломати онҳо хатар дорад”. Шӯрои уламо дар муроҷиати расмиаш гуфтааст, “чунин амал дар фармудаҳои шариат мавҷуд набуда, ягон асоси илмӣ надорад. Гузашта аз ин, чунин анъана барои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон хос набуда, дар қисмати шимол ва шарқи кишвар мавҷуд намебошад.”
Шӯрои уламо аз намозгузорони кишвар хост то дар ҳақи “шоҳи одил” дуъо кунанд ва ба фармудаҳои ӯ гӯш фаро ниҳанд. Дар акси ҳол онҳо муртакиби ғазаби Худованд мегарданд.
Ин ниҳоди фатвосодиркунанда ҳамчунин Қонун дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат ва пешвои миллатро, ки ба Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаи ӯ кафолати якумраи ҳокимият медиҳад, ҷонибдорӣ крада, онро мутобиқ ба қавонини шаръӣ номид.
“Ин қонун ба принсипҳои ислом мувофиқат мекунад. Худованди ин марди накӯкорро замоне ба сиёсат овард, ки кишвар дар арафаи нобудшавӣ буд”, — гуфт раҳбари Шӯрои уламо.
Шӯрои уламо ҳамчунин ба масоили байналмиллалӣ ва геополитикӣ дахолат мекунад. Албатта бо иҷозаи (хонда шавад супориши) КДАМ. Ин ниҳод мақомоти Эронро дар кӯшиши ноором крадани вазъи кишвар бо истифода аз мухолифин айбдор кард.
“Эрон дар ноором кардан ва ба хоку хун кашида шудани Афғонистону Ироқ, Сурия ва Яман даст дорад ва аз ин чӣ фоидае дидааст, ки боз мехоҳад тавассути чанд нафар иғвогарони ҳамзабони худ кишвари ободи Тоҷикистонро ноором кунад” — омадааст дар изҳороти ин ниҳод.