Рубрики Хабарҳо

Дар Душанбе вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд

Даҳумин ҳамоиши «Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот», ки қаблан дар Афғонистон доир мешуд, имрӯз, 29 ноябр дар Душанбе ва таҳти унвони «Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо», шурӯъ мешавад. Аввалин бор аст, ки ин ҳамоиш дар берун аз Афғонистон баргузор мегардад.

Гуфта мешавад дар ин нишаст, ки ду рӯз идома хоҳад кард дар бораи вазъияти амниятии Афғонистон ва минтақа, ташкили ҳукумати фарогир ва вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон гуфтугӯ хоҳанд кард. Толибон дар ин нишаст ҳузур надоранд, аммо гуфта мешавад ҳудуди 120 намояндаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ҳузур хоҳанд дошт.

Дар ҳамин ҳол, бархе сиёсатмадорон аз монеъагузории кишварҳои будубошашон аз сафра ба ин ҳамоиш хабарм медиҳанд. Муҳсин Довар вакили порлумони Покистон дар сафҳаи «Твиттер»-аш навишт, ки мақомоти ин кишвар аз сафари ӯ ба Тоҷикистон ҷиоавгирӣ кардаанд.

Ба навиштаи «Afghanistan International» Муҳаммад Исмоилхон, яке аз раҳбарони шинохтаи тоҷики Афғонистон, ки дар Эрон ба сар мебарад, иҷозат наёфтаааст, ки дар ҳамоиши «Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот» дар шаҳри Душанбе иштирок кунад.

Ба гуфтаи расона, Исмоилхон ба нишаст даъват шуда буд, аммо Сипоҳи посдорони Эрон монеи иштироки ӯ дар ин нишаст шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *