Рубрики Хабарҳо

Амрико Фаронсаро ба афзоиши сад дар сади таърифаи гумрукӣ таҳдид кард

Таҳдид ба оғози як ҷанги тиҷории бузург бо Фаронса. Пешбинии молиёти диҷитолӣ хашми Кохи сафедро барангехтааст. Чунин молиёт умдатан мутаваҷҷеҳи ширкатҳои амрикоӣ хоҳад буд. Амрико аз афзоиши таърифаи гумрукӣ бар колоҳои фаронсавӣ сухан гуфтааст. 

Ҷанги тиҷории Амрико бо Чин тахфиф наёфтааст. Дар чунин шароите Кохи сафед аз як ҷанги тиҷории бузург бо Фаронса хабар медиҳад. Кохи сафед Фаронсаро таҳдид ба вазъи таърифаҳои гумрукӣ бар рӯйи колоҳои сохти Фаронса кардааст. Аз афзоиши сад дар садии таърифаҳои гумрукӣ бар воридоти Амрико аз Фаронса сухан дар байн аст. 

 Таҳдид ба афзоиши таърифаҳои гумрукӣ бар колоҳои сохти Фаронса дар вокуниш ба пешбинии молиёт бар фаъолиятҳои диҷитол аз сӯи давлати Фаронса сурат мегирад. Нӯги пайкони чунин молиёте умдатан мутаваҷҷеҳи ширкатҳои калони амрикоӣ аст. Молиёт бар фаъолиятҳои диҷитол ба “молиётҳои Гофо” шӯҳрат ёфтааст. Ин молиётҳо шомили фаъолиятҳои иқтисодии калони ширкатҳои амрикоӣ Гугл, Амазонка, Фейсбук ва Эпл мешаванд. 

Роберт Лойтҳайзер, масъули бозаргонии хориҷии Амрико пешбинии молиёт бар фаъолитҳои диҷитолро табъизе алайҳи ширкатҳои амрикоӣ арзёбӣ карда ва онро барои иқтисоди Амрико зиёнбор хондааст. 

Амрико эълом кардааст, ки барои муқобила бо сиёсати давлати Фаронса бар рӯйи воридоти худ аз он кишвар таърифаҳои сангини вазъ хоҳад кард. Бинобар изҳороти масъули бозаргонии хориҷии Амрико, ин таърифаҳои гумрукӣ метавонад ҳудуди ду миллиарду 400 миллион доллар воридоти Амрико аз Фаронсаро шомил шаванд. 

Ин фасли ҷадид аз ҷанги тиҷории Амрико шомили колоҳое ҳамчун шампун, маҳсулоти ширӣ, лавозими ороиш ва кифҳои занонаи сохти Фаронса хоҳад шуд. 

Давлати Амрико таҳдид кардааст, ки дар бораи вазъи таърифаҳои гумрукӣ бар рӯйи колоҳои сохти Фаронса дар авоили моҳи январ тасмимгирӣ хоҳад кард. Дар чунин шароите эҳтимол дорад, ки сиёсати вазъи молиёт бар воридоти коло аз Фаронса аз миёнаҳои моҳи январ соли оянда иҷроӣ гардад. 

Бояд ёдовар шуд, ки Доналд Трамп дар тобистони соли ҷорӣ таҳдид ба вазъи молиёти вижа бар рӯйи шаробҳои сохти Фаронса карда буд. Трамп гуфта буд, ки ҳаргоҳ Эмануэл Макрон бар рӯйи сиёсати худ нисбат ба вазъи молиёт бар фаъолиятҳои диҷитол исрор варзад, онгоҳ Амрико низ вокуниш нишон хоҳад дод. 

Фаронса ва молиёти диҷитолӣ 

Бруно Ле Мер, вазири иқтисоди Фаронса эълом кардааст, ки ин кишвар ҳозир ба чашмпушӣ аз молиёт бар рӯйи фаъолиятҳои диҷитолӣ нест. Вазири иқтисоди Фаронса гуфтааст, ки ба назар намерасад Амрико хостори расидан ба тавофуқи байналмилалӣ бар сари пешбинии молиёти диҷитолӣ бошад. 

Пешбинии молиёт бар фаъолиятҳои диҷитол дар соли ҷорӣ метавонад барои Фаронса даромади муодили 400 миллион евро дар пай дошта бошад. Давлати Фаронса ин рақамро барои соли ояндаи мелодӣ муодили 650 миллион евро муҳосиба кардааст. 

Давлати Фаронса мабнои муҳосибаи худро пешбинии се дар сад молиёт бар рӯйи даромадҳои ширкати бузурги онлайн аз фаъолиятҳои иқтисодӣ дар он кишвар қарор додааст. 

Ба сухани дигар ширкатҳои Амазон, Гугл, Фейсбук ва Эпл бояд аз маҷмӯъаи даромади ҳосила аз фаъолиятҳои худ дар Фаронса се дар сад молиёт ба давлати он кишвар бипардозанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *