Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Шоҳнаими Карим, аз собиқадорони ин ҳизбро ба ҳайси муовини раиси ҲНИТ баргузидааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ҳизб хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи манбаъ рӯзи 5 октябр, дар ҷаласаи Раёсати Олии ҲНИТ, масъалаи ислоҳоти сохториро баррасӣ мекард, тасмим гирифта шуд “муовини раиси ҲНИТ аз тарафи РО интихоб гардида, муваззаф шавад, ки лоиҳаи сохтори ҷадидро пешниҳод намояд”.
Дар иттилоъияи дафтари матбуотии ҲНИТ омадааст, “номзадии 9 нафар аз ҷумла ду бону ба мақоми муовинии раиси ҲНИТ пешниҳод шуданд, ки 6 нафар номзадии худро ба нафъи дигар номзадҳо бозпас гирифтанд. Дар натиҷаи раъйгирии пинҳонӣ байни 3 нафар номзад, Шоҳнаими Карим бо касби аксарияти оро муовини раиси ҲНИТ интихоб гардид.”
Шоҳнаими Карим муваззаф шудааст то ҷаласаи баъдӣ лоиҳаи сохтори ҷадидро дар ҳамоҳангӣ бо раиси ҲНИТ ба РО пешниҳод намояд.
То мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон дар сентябри соли 2015, раиси ҲНИТ се муовин дошт, ки ба дӯши Сайидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳайит ва Муҳаммадкарими Орзу буд.
Шоҳнаими Карими 59 сола, зодаи деҳаи Язғуломи ноҳияи Ванҷ ва яке аз собиқадорони ҲНИТ мебошад. Соли гузашта ӯ бо дархости Тоҷикистон дар Афинаи Юнон тавассути Интерпол боздошт шуда буд, аммо додгоҳи Юнон дархостро сиёсӣ донист ва Шоҳнаими Каримро озод кард.