Чунин маълумотро дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар як изҳорот ба муносибати Рӯзи байналмилалии зидди ғуломӣ, ки 2 декабр таҷлил мешавад, ироа кардааст: «Дар ҳоли имрӯз зиёда аз 40 миллион нафар одамон дар ҷаҳон дучори шаклҳои гуногуни ғуломӣ мебошанд.
Нигаронии ҳолат дар он аст, ки бештар аз 71 фоизи онҳоро занон ташкил мекунанд. Имрӯз ғуломдорӣ дар шакли зилату зӯроварӣ, меҳнати кӯдакон ва хонагӣ, издивоҷи маҷбурӣ, қарз ва хариду фурӯши одамон барои истисмор зоҳир мешавад», — омадааст дар изҳорот.
Ба гуфтаи Гутерриш, ғуломӣ ба ҷуз занон, ба қишрҳои осебпазир ва мазлум, инчунин намояндагони ақаллиятҳои нажодӣ ва қавмӣ таъсир мерасонад. Дар ин робита, дабири кулли СММ аз аъзои СММ ва тамоми ҷомеа даъват ба амал овард, ки қурбониёни ғуломиро ҳифз ва дастгирӣ кунанд ва муборизаи муштаракро алайҳи ин «иллати манфур» шадидтар кунанд.