Дирӯз дар бораи ду кастаи болоии системаи навшаклгирифтаи (баъди соли 2000-ум) кастаи тоҷикӣ навишта будем. Гуфта будем, ҷамъияти Тоҷикистон ба чанд каста тақсим шудааст ва дар бораи кастаи олӣ, ки ба он “Пешво” ва хонаводааш шомиланд ва кастаи аввал, ки хешовандони “Пешво”-ро дарбар мегирад маълумот додем. Имрӯз ба таърифи кастаҳои дуввуму саввум мепардозем.
Кастаи дуввум
Ба ин каста мешавад вазирони “бегона”, вакилони парлумон, раисон ва раҳбарони сохторҳои қудратӣ дар вилояту ноҳияҳоро ворид кард. Ҳарчанд дар ҳуқуқу салоҳиятҳои қонуниву фароқонунӣ байни раисони вилояту вазирони “бегона” бо раисони ноҳия фарқ ҳаст, вале чун шумори онҳо бисёр кам аст ва фарқи салоҳиятҳову имконот чандон бузург нест дар як каста ворид мекунем.
Ҳуқуқу салоҳиятҳои онҳо хеле камтар аз кастаи аввал аст, вале дар ҳадест, ки барояшон имкон медиҳад қисмате аз қонунҳоро нодида гиранд, мардумро ғорат кунанд (ба шарти ирсоли қисмате ба “боло”), ришва ситонанд, аз соҳибкорону корхонаҳо боҷ гиранд ва он қисмати замину корхонаҳои давлатиро, ки дархӯри иштиҳои кастаҳои оливу аввал нест, ғасбу хусусӣ созанд.
Узви ин каста ҳам тақрибан барои ҳама умр баргузида мешавад. Метавонад зинаҳои мансабаш фарқ кунад, аммо ҳамеша аз як курсии мансаб ба курсии дигар мегузарад. Ин анъана чунон реша давондааст, ки ҷомеъа ба он одат кардааст ва онро “ивазшавии ҷои ҷамъшавандаҳо” меномад. Расонаҳо ҳам ба ин ҷойивазкунӣ таваҷҷӯҳе намекунанд ва танҳо дар як-ду расонаи даватӣ аз он хабар дода мешавад.
Аъзои ин каста имкони ворид шудан ба кастаи болоиро бо чанд шарт доранд:
1. Шарти асосӣ ва бештар пазируфташуда ҷамъоварии маблағи бузург ва харидани курсии болотар аст. Барои мисол тибқи таҳқиқоте, ки Паём анҷом дода буд, Раҷаббой Аҳмадзода бо пардохти 2,5 миллион доллар аз мансаби раиси шаҳри Хуҷанд ба раёсати Кумитаи замин “ҷаҳид”. Мисоли дигар Бег Сабур аст, ки як умр маблағ ҷамъ кард то раисии Хадамоти алоқаро харидорӣ кунад ва баъди чанде қудои раисҷумҳур шавад.
2. Қудо шудан бо хонадони раисҷумҳур. Ин имкон бисёр кам аст, чун қудошавии фарокастагӣ бисёр кам рух медиҳад, аммо агар бахтат омад карду духтаратро яке аз фарзандон ё наберагони “Пешво” хуш кард, ҷаҳиши якборагӣ ва бидуни пардохти ришва ба кастаи болоӣ бароят таъмин мешавад. Мисолаш Лутфулло Давлатов аст, ки баъди ба ҷиянаш хонадор шудани Рустами Эмомалӣ раиси телевизиони “Сафина” шуд ва ҳоло вазорати фарҳангро нишон гирифтааст. Ё домоди Нуриддин Раҳмон, бародари раисҷумҳур, ки маҷбуран ба духтари велгарди ӯ хонадор карданд ва ҳоло сардони як шӯъбаи пулис аст.
3. Тамаллуқе, ки ба “Пешво” писанд ояд ё хидмате дар ҳақи худи ӯ (на давлату кишвар). Тамаллуқи истисноӣ ба “Пешво” ҳам, ки ӯро тасхир созад, метавонад ҷаҳиш аз як каста ба кастаи дигарро таъмин намояд. Ё анҷоми коре, ки тавонад “Пешво”-ро назди мардум хуб ҷилва диҳад, монеъаеро аз сари роҳаш бардорад ва ғайра.
Бо фарқ аз кастаи аввал, аъзои ин каста имкони бештари хориҷ шудан аз он ба ҳатто ба поёнтарин сатҳи кастаҳо фаромаданро ҳам доранд. Дар кастаи аввал ин имкон фаққат дар як сурат вуҷуд дорад – гусаста шудани ресмони қудогӣ. Дар кастаи дуввум бошад чанд ҳолате ҳаст, ки метавонад узви онро ба поён фиристад:
1. “Резонидани обрӯи Пешво”. Яъне содир кардани амале, ки дар натиҷа ба “обрӯ”-и “Пешво” садама ворид шавад. Бахусус агар таъсири он байналмиллалӣ бошад. Намунаи ахири он Мирзоравшан Сангинзода, сардори раёсати Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар вилояти Суғд аст, ки соҳибкори укроиниро ғайриқонунӣ боздошт кард ва ин амалкард дар расонаҳои хориҷӣ низ бозтоб ёфт.
2. Содир кардани қонуншикание, ки ба аъзои каста иҷоза дода нашудааст. Барои мисол аъзои ин каста ба ғасби ширкату корхонаи муваффақ ҳақ надоранд. Ин ҳақи истисноии кастаи олӣ ва аввал аст. Он ҳам вобаста ба ҳаҷму даромади корхона. Мисолаш бародари Лутфулло Давлатов Раҳмонқул, ки сардори ШВКД Панҷакент буд ва баъди ғасби сармояи чиниҳо аз вазифа барканор гардид.
3. Дар сатҳи хуб анҷом надодани тамаллуқ ба “Пешво” зимни сафараш ба минтақа.
Кастаи севвум
Кормандони мақомоти қудратӣ ва мансабдорони хурд. Ҳуқуқу салоҳиятҳои онҳо бамаротиб аз кастаи дувум камтар аст. Аммо иҷозаи гирифтани ришваҳои хурд, шиканҷаи гумонбаршудагон барои гирифтани иқрор, ғасби бесарусадои моликияти хурди мардум, дуздиҳои кӯчаки амволи давлатиро доранд.
Кормандони мақомоти қудратӣ байни инҳо аз салоҳиятҳои фароқонунии бештаре бархӯрдоранд. Онҳо метавонанд гумонбаршудаҳоро худашон интихоб кунанд, онҳоро шиканҷа, таҳқир ва ҳатто таҷовуз намоянд. Охирин мисолаш таҷовузи ҷавонзани 25-сола, модари ду фарзанд аз тарафи кормнадони ШВКД ноҳияи Вахш аст, ки чанде пеш расонаӣ шуд.
Дар сурати рӯй задан ва расонаӣ шудани ин ҷиноятҳо метавонанд аз вазифаашон барканор шаванд, аммо ҳақи баргаштан ба он ва ҳатто гирифтани мансаби болотареро ҳам доранд. Мисоли охир Зубайдулло Сангинмуродзода ва Сафар Додаров ду пулиси шиканҷагари Умед Ҳикоятов ҳастанданд, ки на танҳо ба кор дар пулис баргаштанд, балки Сангинмуродзода сардори минтақаи маъмурии милитсияи №13-и ноҳияи Фирдавсӣ таъин гардид. Баргаштан ба мансаб танҳо дар сурати пардохти ришваи бузург имкон дорад. Агар ҳаҷми ришва бузургтар буд, мансаб ҳам баландтар мешавад.
Мансабдорони хурди давлатӣ ҳам салоҳиятҳои хурди фароқонунӣ доранд, аммо он бояд бо болонишинон, яъне аъзои кастаи дуввум мувофиқат карда шавад. Барои мисол раиси шуъбаи кумитаи замини ноҳия ҳақи фурӯши заминро дорад, аммо ба худаш қисми бисёр ками ин пул мерасад. Қисми асосӣ ба боло, то кастаи олӣ меравад. гуфтанист, фурӯши замин бизнеси фарокастаӣ аст, ки дар он намояндагони ҳар чаҳор кастаи зикршуда ширкат мекунанд. Раисҷумҳур дар 27 соли ҳукмрониаш борҳо аз он интиқоди тунд кардааст, аммо чун худаш ё ҳадди ақал фарзандонаш ҳам дар фурӯши замин даст доранд, то ҳол идома дорад.
Ё кормандони шуъбаи ноҳиявии кумитаи андоз ҳақи тафтиши корхонаҳои хурд, мағозаву бозорҳо ва гирифтани ришва аз соҳибкоронро доранд, аммо бештари ин ришваҳо зина ба зина то Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз мерасад. Мисли ҳамин мансабдорони хурди Кумитаи дин, Хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ва ғайра.
Дар ҳамин ҳол, аъзои ин каста осебапазиртарин кастаҳое ҳастанд, ки барояшон салоҳиятҳои фароқонунӣ дода шудааст. Тақрибан ҳамаи мансабдорони ба ҷавобгарӣ кашидашуда аз ҳамин каста ҳастанд. Аз кастаҳои болотар шумори мансабдорони ба ҷавобгарӣ кашидашударо метавон бо ангуштони даст ҳисоб кард. Новобаста аз он, ки аз ришваҳои дарёфткардаашон қисмати асосиаш ба кастаҳои болоӣ фиристода мешавад, дар сурати ошкор шудани ҷиноят, тамоми масъулият ба дӯши ҳаминҳо гузошта мешавад.