Categories Хабарҳо

Бе эҳтиётии фарзанди муовини сарвазир ҳангоми ронандагӣ боиси марги ду нафар шуд

Вазорати корҳои дохилӣ аз садамаи маргбори писари Давлаталӣ Саидов, муовини сарвазири Тоҷикистон иттилоъ дод, ки гўё сархуш будааст..


Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба расонаҳои маҳаллӣ итилоъ додааст, ки  садамаи  маргбор бо иштироки Фаромӯзи Саид шаби 10-уми сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дода, ду кушта барҷой гузоштааст.


“Дар натиҷаи ин ҳодиса Ҳилола Раҳимова, сокини 25-солаи Душанбе ва Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб ҷон дода, худи Фаромӯзи Саид бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад ”

Гуфта мешавад, Фаромӯзи Саид сари фармони чамбараки “Тойота кемрӣ” дар роҳи бозгашт аз маркази дилхушӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо мошини хадамоти коммуналӣ бархӯрдааст.


Фаромӯз аз ҳамсари аввали Давлаталӣ Саидов аст, ки чор сол қабл аз суд ҷудо шуда буданд. Маъмулан ҳодисаҳои содир кардани ҷиноят ва садамаи фарзандони мансабдор аз чашми тезбини журналистон пинҳон нигоҳ дошта мешавад. Васоити ахбори омма ин ҳолатҳоро дар такя бо манбаъҳои мардумӣ дастрас мекунанд.

Соли 2012 садамаи маргбори писари Эркин Раҳматуллоев, садамаи писари Амонуло Ҳукуматуло, ки 3 нафар кушта ба ҷой гузошт ва дигар мансабдорон на ин ки тавасути манбаъҳои расмӣ балки дар натиҷаи талошҳои мӯшикофонаи журналистон рӯйи об баромад.

Ҳарчанд,  ин ҷавонони тиллоӣ аз элаки тафтишот холис мебароянду роҳ суйи кишварҳои хориҷ мегиранд, аммо ин шеваи бархўрд бо онҳое, ки мансаб надоранд ё рақиби сиёсати Эмомалӣ Раҳмон ва ҲХДТ ҳастанд,  дигар аст. Фарзандони рақибони сиёсӣ вақте садама намоянд шабу рӯз дар телевизионҳои давлатӣ намоиш дода мешаванд. Ҳатто равонаи зиндон ва ҷаримаи калон ҳам мешаванд. Аммо фарзандони мансабдорон дар сояи мансаби падар бидуни мурофиаву ҷавобгарӣ, озод шумкориҳои худро идома дода мегарданд.


Имрўз низ бо нашри ин хабар аксари фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ пешгӯӣ доранд, ки  писари муовини сарвазир аз элаки Бозрасии давлати автомобилӣ ё суд соф мебарояд! Давлаталӣ Саидов, яке аз вазирону кадрҳои тозаву технократии Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ном бурда мешавад. 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *