Categories Хабарҳо

Эрон мушаки ҷадиди гиперсонии «Фаттоҳ»- ро муаррифӣ кард

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мушаки ҷадиди гиперсонии «Фаттоҳ»- ро муаррифӣ кард.

 Маросими муаррифии мушак дар Теҳрон баргузор шуд.  Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар ин чорабинӣ раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҷенерол Ҳусейн Саламӣ ва фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҷенерол Амиралӣ Ҳоҷизода ширкат доштанд.

 Тавре Амир Алӣ Ҳоҷизода изҳор дошт, мушаки «Фаттоҳ» ба дурии 1400 километр, бо суръати аз 15 925 то 18 375 км/соат ба ҳадаф мерасад.

 Ба гуфтаи ӯ, мушак бо дақиқии зиёд ва манёври хуб фарқ мекунад ва инчунин қодир аст, ки мушакҳои ҷавобии душманро чап диҳад ва дар атмосфераи Замин ва берун аз он манёвр кунад.

 Ҳоҷизода таъкид кард, ки ба ҷуз аз Эрон танҳо Амрико, Чин ва Русия тавонистаанд фанноварии тавлиди мушакҳои гиперсадоӣ аз худ кунанд.

 Барои нахустин бор фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар моҳи ноябри соли 2022 аз эҷоди як мушаки баллистикии гиперсадо хабар дода буд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *