Дар нимсолаи аввал, дар вилояти Хатлон аз ҳам пошдани тақрибан 1900 оила ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба омори ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 400 маврид зиёд аст.
Бунафша Раҳимзода, мудири Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Хатлон, рӯзи 14-уми июл ба хабарнигорон гуфт, ки дар натиҷаи азҳампошии оилаҳо, беш аз ду ҳазору дусад кӯдак «нимаятим» шудаанд. Яъне, дар тарбияи яке аз волидон монданд.
Дар ҳамин ҳол Раҳимзода дар бораи сабабҳои афзоиши ҷудо шудани оилаҳо чизе нагуфт..
Мақомот сабаби ҷудошавии оилаҳоро бештар никоҳи барвақтӣ, якдигарнофаҳмӣ ва хушунати хонаводагӣ мегӯянд. Коршиносон сол то сол афзудани мавридҳои талоқро ташвишовар меноманд.
Ба иттилои расмӣ, дар соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз сездаҳ ҳазор оила аз ҳам ҷудо шуда, аз ин талоқҳо ҳудуди понздаҳ ҳазор кӯдак «нимаятим» мондаанд.