Categories Хабарҳо

$30 млн дигари Бонки ҷаҳонӣ баро таъмини об дар Душанбе

Бонки ҷаҳонӣ барои беҳтар кардани зерсохтори обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон 30 млн доллар кумаки бебозгашт дод. Ин хабарро Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта тасдиқ намуд.

Гуфта мешавад, Грант барои амалисозии лоиҳаи дахлдор аз ҳисоби воситаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушди узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод мешавад.

Боз 2 млн. доллари дигарро барои амалисозии лоиҳаи мазкур мақомоти шаҳрдории Душанбе ҷудо мекунад.

Қаблан ҳам Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамин ҳадаф ба Тоҷикистон 50 млн доллар кӯмак карда буд.

Мувофиқи таҳқиқоти чанде қабл доиргардида, 98% хонаводаҳои Душанбе ба сарчашмаҳои хуби об дастрасӣ доранд, лекин дар ҳамин ҳол, вақти эҳтиёҷ доштан ба об, танҳо 65%-и аҳолӣ ба он дастрасӣ доранд. Бо сабаби зербинои кӯҳнаву фарсуда, талафоти об хеле назаррас буда, ба иншоот аксар вақт хизматрасонӣ сурат намегирад.

Лоиҳаи нав дар ноҳияи Синои пойтахт — ноҳияи бузургтарини шаҳри Душанбе бо аҳолии наздики 350 ҳазор нафар амалӣ мешавад.

Таъкид мешавад, ки лоиҳа ба таҳкими имконоти ниҳодӣ бо шумули идоракунии молиявии КВД “Обу корези Душанбе” кумак мекунад.

Дар доираи лоиҳа бо мақсади сарфаи об насби обҳисобкунакҳои маишӣ низ маблағгузорӣ мешавад, ки ба ин қисмат лоиҳае низ илова хоҳад шуд, ки аз ҷониби Бонки осиёгии рушд  ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти КВД “Обу корези Душанбе” нигаронида шудааст.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби лоиҳа барномаи афзалиятноки сармоягузории ҳукумат оид ба барқарор ва таъмиру навсозии шабакаи обтаъминкунии Душанбе, ки 150 млн. доллар арзёбӣ мешавад, низ дастгирӣ хоҳад шуд.

Коршиносон мегӯянд, воқеан қубурҳо ва обкашу лулаҳои фарсудаи меросии замони шӯравӣ, диққати ҳар сармоягузор ва институтҳои иқтисодиро ҷалб мекунад. Бо мушоҳидаи зербиноҳои фарсуда дилхоҳ институҳои иқтисодӣ омодаи ҳамкорӣ мешаванд. Аммо  тули 15 соли охир ҳукумати Тоҷикистон чандин чунин грантҳои ҳангуфтро аз худ намудааст, вале ҳамоно қубурҳои меросӣ аз ҳамони шуравӣ монда, шарчанд кайҳо ниёз ба иваз доранд, то ба ҳол истифода мешаванд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *