Рубрики Хабарҳо

Боздошти як шаҳрванди Қирғизистон барои убури ғайриқонунии марз

Хадамоти махсуси Тоҷикистон як сокини деҳаи Тош-Тумшуқи вилояти Бодканди Қирғизистонро бо ҷурми убури ғайриқонунӣ аз марз боздошт кард.

Бино ба гузориши хабаргузории Akipress, дар ин бора Таабалдӣ Тиллоев, намояндаи ҳизби “Ата Журт” дар ҷаласаи Жоқорғу Кенеш гуфт.

Ба гуфтаи вай, Асилбек Каримови зодаи соли 1985 дар боздоштгоҳи хадамоти махсуси ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Таабалдӣ Тиллоевдар ҷаласаи Жоқорғу Кенеш гуфта, ки дар Бодканд марз вуҷуд надорад, мардум дар он ҷой тӯли садсолаҳо бидуни марз зистанд, мо ҳоло ин амали ҳамсояамонро намефаҳмем.

Ӯ аз раиси маҷлис дархост кард, ки барои бозгардондани шаҳрванди Қирғизистон ва баргузории умури огаҳсозӣ бо сокинони маҳаллӣ иқдом кунад.

Гуфтанист, қаблан мақоомти қирғиз бо ҳамин ҷурм ду сокини деҳаи Ворухро боздошт карда буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *