Рубрики Хабарҳо

Раҳбарони амниятии Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ карданд

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов бо ҳамтои қирғизаш дар Исфара масъалаи марзро баррасӣ кард

Мавзӯи асосии мулоқоти ҳайатҳо таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳарду давлат  буда, ҷонибҳо инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ дар мубориза бо зухуроти терроризм, сепаратизмро баррасӣ кардаанд

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҷаласаи кории ҳайатҳои васеи намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо ширкати намояндагони хадамоти махсус ва марзбонони ду давлат  баргузор гардид.

Бино ба гузориши расонаҳои расмии Тоҷикистон, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов ва Ҷумҳурии Қирғизистонро  раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Орозбек Опумбаев роҳбарӣ карданд.

Мавзӯи асосии мулоқоти ҳайатҳо таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳарду давлат  буда, ҷонибҳо инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ дар мубориза бо зухуроти терроризм, сепаратизм ва экстремизм, инчунин фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии террористиро баррасӣ кардаанд.

Зимни ҷаласа, тасмим шудааст, ки  барои кори самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Манбаъ афзуда, ки доир ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда ҷонибҳо ба мувофиқаи мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ расидаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *