Академик Раҳим Масов – донишманди маъруф, собиқ раиси Пажуҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва муаллифи китоби машҳури «Таърихи табартақсим» дар синни 79-солагӣ даргузашт.
Сабаби марги ӯ сактаи мағзӣ гуфта мешавад. Раҳим Масов имрӯз, 21-уми июн ба шуъбаи эҳёгарии бемористони рақами 3-и пойтахт интиқол ёфта буд.
Академик Масов дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шуда, таҳсили ибтидоиро дар Хонаи бачагони Хоруғ ва Душанбе гирифтааст. Дар соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихшинос хатм кард ва дар Академияи илмҳои Тоҷикстон ба кор оғоз намуд.
Академик Раҳим Масов аз соли 1988 то соли 2015 раҳбарии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба дӯш дошт.
Аз маъруфтарин таълифоти академик Раҳим Масов китоби “Таърихи табартақсим” мебошад, ки ба гуфтаи донишмандон, гардише дар тафаккури таърихнигории кишвар буд. “Тоҷикон, бо муҳри комилан махфӣ”, “Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия” ва “Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат” аз асарҳои дигари машҳури ин донишманд ба шумор мераванд.