Рубрики Хабарҳо

Раҳмон фардо ба Берлин меравад

Қарор аст фардо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон озими Олмон шавад. Ӯ онҷо то охирин рӯзи сентябр боқӣ хоҳад монд ва чанд мулоқоте бо раҳбарияти Олмон дар назар гирифта шудааст.

Ҳадафи аслии сафари раисҷумҳур Тоҷикистон ширкат дар нишасти раисҷумҳурҳои кишварҳои Осиёи Миёна (Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон) бо Франк-Волтер Штайнмайер, раисҷумҳури Олмон дар Берлин гуфта мешавад. 

Мавзӯъҳои аслии гуфтугӯ шомили тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин мавзӯъҳои таомулӣ аст, ки барои минтақа ва Олмон муҳим аст. 

Илова бар ин, нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон барномарезӣ шудааст. 

Дар ин гуфтугӯ мавзӯъҳои мухталифе, аз ҷумла равобити дуҷониба ва ҳамкорӣ дар ҳавзаи сиёсатҳои иқтисодӣ ва энержӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт. 

Ҳамчунин қарор аст дидори дуҷониба байни Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолтс баргузор шавад. 

Илова бар ин, ин сафар шомили ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон дар конфронси иқтисодии кишварҳои Осиёи Миёна ва Олмон аст.Мухолифини тоҷик дар хориҷ ба эътироз ба даъвати диктатори Тоҷикистон ба Аврупо дар 29 сентябр кардаанд, ки қарор аст соати 8-и субҳ шурӯъ шуда то баъди зуҳр идома кунад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *