Содироти молҳои Тоҷикистон ба хориҷ торафт камтар шуда, воридоти молҳои хориҷӣ ба кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Коршиносон мегӯянд ин раванд Тоҷикистонро ба як вартаи дигар наздик мекунад, ки авоқибаш пешбининашаванда аст.
Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ кишвар ба маблағи $768,3 млн, маҳсулот содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 5% ё $40 млн камтар аст.
Аз ҷумла, тибқи иттилоъи Агентии омор, содироти маводи нассоҷӣ ва маҳсулот аз онҳо ҳудуди 30%, маҳсулоти кишоварзӣ 28,1%, маҳсулоти минералӣ 17%, сангҳои киматбаҳо ма маҳсулот аз он 8,7% коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, воридоти молҳо дар январ сентябри соли ҷорӣ $2 млрд 390 млн.ро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,1% $72,1 млн бештар аст.
Дар рӯйхати маҳсулоте, ки воридоташон афзоиш ёфтааст, манбаъ воридоти равғани ҳайвонот (49,9%), асбобу дастгоҳҳои оптикӣ ва тиббӣ (36,6%), маҳсулоти гиёҳӣ (22,1%), молҳои саноати кимиёӣ (12,4%), маводи тайёри хӯрокӣ (8,9%), нақлиёт (на 8,1%) ва ғайраро зикр кардааст.
Ҳамин тавр, воридоти кишвар 3,12 маротиба бештар аз содирот буда, касри тиҷорати хориҷӣ ба беш аз $1 млрд 622 млн. расидааст. Коршиносон мегӯянд ин каср метавонад Тоҷикистонро ба чанд бӯҳрони дигар мувоҷеҳ кунад.
“Вақте давлат чизе барои содирот кардан надорад, ё маҳсулоти содиротиаш бисёр кам аст, маҷбур мешавад қувваи корӣ содир намояд, аниқтараш онро афзоиш диҳад, – мегӯяд коршинос Абдуманнон Шералиев. – Чун барои воридот пул лозим аст ва он пул бидуни содирот, чӣ маҳсулот ва чӣ қувваи корӣ, ба даст намеояд. Содироти қувваи бештари корӣ, ки ба таври табиӣ роҳ хоҳад афтод, ояндаи иқтисоду иҷтимоъи кишварро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳад. Аз як тараф бо рафтани қувваи корӣ шонси пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ, яъне корхонаҳои нав камтар мешавад, аз тарафи дигар раванди муҳоҷирати хонаводагӣ суръати бештар мегирад”.
Ӯ мӯътақид аст, ки кам шудани содирот сабаби амиқтар фурӯ рафтан ба ботлоқи қарз ҳам мешавад. “Бинобар камтар шудани интиқоли пули муҳоҷирон, ва афзоиши воридоту камшавии содирот, се соли ахир кишвар ба камбуди шадиди асъори хориҷӣ мувоҷеҳ шудааст. Ин аст, ки барои пур кардани ин холигоҳ даст ба гирифтани қарзҳои бештар мезанад. Мутаассифона ин раванд бисёр хатарнок аст ва ҳарчӣ кишвар ба он амиқтар фурӯ рафт, суръати фурӯравӣ ҳамон қадар афзоиш меёбад. Яъне дар ояндаи наздик мо шоҳиди қарзҳои бузургтар ва афзоиши муҳоҷират, бахусус байни занон хоҳем шуд” – таъкид мекунад Шералиев.
Ин коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд “мутаассифона афзоиши содироти қувва корӣ на ҳама вақт ба ворид шудани бештари асъор оварда мерасонад. Ҳоло дар Тоҷикистон раванди ҳиҷрати иқтисодии оилаҳо суръат гирифтааст. Ин ҳам содироти қувваи корӣ аст, аммо бидуни ҳеҷ фоидае ба давлати Тоҷикистон. Ҳазорҳо нафар чун қувваи корӣ ба Русия ворид мешаванд, аммо маблағи корашон ҳам, бо фарқ аз чанд соли пеш, дар ҳамонҷо мемонад. Чун хонаводаашонро ҳамроҳ бурдаанд ва дигар ниёзе ба фиристодани пул ба кишвар нест”.
Шарики аслии тиҷории Тоҷикистон расман ҳамоно Русия боқӣ мемонад, ки доудугирифти ду кишвар дар ин муддат $747 млн.ро ташкил додааст. Додугирифт бо Қазоқистон $630 млн ва бо Чин $453 млн.ро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол соли гузашта мақомоти Чин арқомеро ироа карданд, ки тибқи он тиҷорати Тоҷикистони бо ин кишвар наздик ба $2 млрд.ро ташкил медиҳад. Тибқи гуфтаи манобеъи мухталиф молҳо аз ин кишвар дар ҳаҷми наздик ба якуним миллиард доллар тавассути наздикони раисҷумҳур, ба таври қочоқ вориди Тоҷикистон мешаванд.
Гуфтанист, дар соли 2018 касри тиҷорати хориҷӣ $2,1 млрд.ро ташкил дода, воридот нисбат ба соли 2018 $374 млн. афзоиш ёфта буд.