Рубрики Хабарҳо

Популизми соддалавҳонаи Раҳмон

Ҷаҳонигардии босуръат деворҳоро аз миёни давлатҳои сохташон гуногун бардошта ва оламро ба як деҳи калон мубаддал сохтааст. Акнун ҳар кас метавонад тариқи интернет аз таҷрибаи идоракунии давлатҳои гуногун маълумот бигирад. Акнун барои ҳукуматҳои худкомаи бар идеологияи душманбадбинии шӯравӣ асосёфтае чун Беларус, Туркманистон ва Тоҷикистон сафед кардани сиёсати номардумиашон рӯз то рӯз мушкилтар мегардад. Гурӯҳҳои сари қудрат будае, ки асоси тарзи идоракунии демократӣ — ивазшавандагии ҳукуматро ба ҳеҷ ваҷҳ таҳаммул надоранд, бо ҳар роҳ мекӯшанд мавқеи худро ҳифз намоянд. Барои аз сари қудрат нарафтан ҳар кадоме аз ин ҳукуматҳои худкома таъҷилан стратегияи худро кор карда баромада истодаанд.

Туркманистон сарҳадҳояшро баставу ба мардумаш либосҳои ягона мепӯшонад, 4000 туркманистониро дар стадион ҷамъ кардаву маҷбур месозад то суруди эҷодкардаи пешвояшонро аз пушти ӯ такрор кунанд ва ба ин тариқ дар хорсароии умумӣ рекорди ҷаҳонӣ мегузорад. Бо либоси спортии ранги сурхи баланд ин роҳбари  диктатор ҳар замон дар маърази ом пайдо гардидаву чолок ва пурэнержӣ будани худро бори дигар таъкид месозад. Дар васоити ахбори омма Бердимуҳаммадову писаронаш ҳамчун чобуксаворони чирадаст ва ибрати миллати туркман муаррифӣ мегарданд. Президенти кунунии Туркманистон агар парастиши шахсияти Сапармурад Ниязовро аз байн бурд, парастиши лидери наверо чун худаш бар ҷой овард.  

Лукашенкаи ҳамсояи Иттиҳоди Аврупо бошад, имрӯз бо ҳеҷ ваҷҳ чунин афсонаи шоҳпарастонаи туркманиро ба гӯши мардуми нисбатан огоҳи худ ки хонда наметавонад ва аз норозигии иҷтимоӣ ва фишори ҷомеа ҷиддан ба шӯр омадааст. Бо амалкардҳои ахираш ӯ нишон дод, ки омода аст қувваи ҳарбиро ҳини маъракаи наздикомадаи интихоботӣ зидди беларусҳои гуногунандеш ва аз сиёсати ӯ норозӣ истифода барад. Дар яке аз баромадҳои охиринаш ӯ рӯирост иброз дошт, ки ҳукуматро ҳеҷ гоҳ ба дасти “дигар”-он нахоҳад дод. Трюки охиринаш барои ҷалби диққати мардуми Беларус ба хатарнокии вазъият он буд, ки “гурӯҳи махсуси 33-нафараи ҳарбиёни таълимдидаи русро, ки гӯё барои муташанниҷ сохтани вазъият ба Беларус фиристода шудаанд”, дастгир намуд. Бо ин роҳ Лукашенка бори дигар ба зиддиятҳои пуштипардагӣ миёни шахси худашу ҳамоҳангсози диктаторҳои собиқ шуравӣ – Владимир Путин аниқ ишора менамояд. 

Стратегияи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамакнун дарозумртарин диктатори ҷамоҳири собиқи шуравӣ, ки анқариб 28 соли охир бетанаффус чанбараки идоракуниро дар Тоҷикистон бо роҳи зӯрӣ дар даст нигоҳ медорад, комилан фарқкунанда аст. Дар ҳоле, ки худ нохоста вассали (тобеъи) бевоситаи Путин боқӣ мемонад, дар мавриди тобеъият ӯ нисбати Бердимуҳаммадов ва Лукашенка дар ҳолати сангинтаре қарор дорад. Аз як тараф фишори рӯирости Кремл барои аз қудрат рафтанаш, аз ҷониби дигар заминталабии бепардаи Хитой, ки бо қарзҳои калонҳаҷмаш банкротшавии кишварро тезонида истодааст, мушкили Раҳмонро тоқатфарсо мегардонад. Ҳоло ӯ ба қарори ниҳоӣ наомадааст, ки кадомеро сари қудрат бимонад: худашро, ки бори идоракунӣ хеле вазниниаш дорад ва ё писари бетаҷрибаву мактабнодидааш Рустамро, ки пеши наҳангҳои сиёсие чун Путину Мирзиёев ҳеҷ қурбе пайдо нахоҳад кард. 

Варианти Назарбоев — қудратро эҳтиёткорона ба ягон ҳаммаслаки худ супоридан ба сари Раҳмон ҳеҷ намеғунҷад. Зеро медонад, ки дар худи ҳамон рӯзи аввали чунин иқдомаш аз ҷониби дарбориёни маккори дар атрофаш ҷамъомада бо аҳли оилаи сершумораш ҳабс ва ё “при неопределенных обстоятельствах” нопадид хоҳад гашт. Мушкили нобоварии Раҳмон ба командаи даҳсолаи охир ҷамъовардааш дар он аст, ки ин гуна ногаҳон “нопадидашави”-ҳо ва усулҳои дар ин маврид истифодамегаштаро ба хубӣ дарк мекунад. Охир худи Раҳмон борҳо бо кӯмаки ҳамин командааш ҳилаи “ногаҳон бедаракшави”-ро нисбати оппонентҳои худ “истифода кардааст”. 

Дар ин маврид дар рӯзи равшан беному нишон гум шудани раиси ҷамъияти Узбекони вилояти Хатлон Салимбой Шамсиддинов дар моҳи марти соли 2013 мисол шуда метавонад, ки рӯирост эълон намуд дар интихоботии президентии соли 2013 аз номзадии раиси ҳизби сотсиал-демократ ҷаноби Зоиров дастгирӣ хоҳад кард. Amnesty International, як ташкилоти байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ 26 марти ҳамон сол эълон намуд, ки ин нопадидшавӣ бевосита ба сиёсат алоқамандӣ дорад ва онро маҳз “дуздии характери сиёсӣ дошта” . Аз соли ба раисии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардидани Саидмӯмин Ятимов “душманон”-и сиёсати Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамин осонӣ нопадид гардиданд ва ё беорӯ гардонидаву аз саҳнаи сиёсӣ дур карда шуданд. Хуб, “Ҷаноби Олӣ” дигар медонад, ки ин вазири олим-режиссёри ба саҳнаи сиёсати калон овардааш бо як фанатазияи бои саҳнасозӣ дар “ин корҳо” соҳибтаҷриба гардидааст.  

Бо сабаби дурудароз сари қудрат истоданаш Эмомалӣ Раҳмон қариб тамоми усулҳои “боз як навбати дигар интихоб гардидан”-ро аллакай истифода бурдааст. Ваъдаҳои популистии (мардумфиребонаи) беасосе чун “Аз Тоҷикистон то соли 2008 Шейтсарияи дуюм месозем!”, “Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо мекунем!”, “Бо танзими анъанаҳои миллӣ камбизатиро аз байн хоҳем бурд!” дигар натиҷае надоданду минбаъд касе ба чунин ваъдаҳои пуч бовар ҳам намекунад. 

Ягона муваффақияти Раҳмон дар давраи дурударози идоракунии авлодиаш ҳамин буд, ки диққати мардумро ба сиёсати идоракунии худ бештар ҷалб намуд. Яъне, бо амалҳои зиддимардумиаш шаҳрванди оддии нисбати сиёсат бефарқи тоҷикро бештар сиёсатбоз кард. Кӯшишҳои Раҳмон, ки мехост мардумро аз сиёсат комилан дур нигоҳ дорад, натиҷаи тамоман баръакс (реверс) дод. Акнун мардум медонад, ки қарорҳои парлумони кисагии Раҳмон ба фоидаи кӣ бароварда мешаванд. Мардум медонад, ки азхудкунии бизнеси “дигар”-он (рейдерство) аз ҷониби хешовандони Раҳмон бо кадом роҳҳо амалӣ карда мешавад. Махсусан қонуну қарорҳои маҳдудкунанде чун қонуни танзим, қонуни масъулияти волидон, қарор дар бораи риояи либоси миллӣ, қарор дар бораи боло бурдани нархи интернет, ки зиндагии мардумро мушкилтар сохтаву ба ҳаёти шахсиашон дахолат кард, раванди ба сиёсат рӯй овардани шаҳрвандони қаториро тезонид. 

Усулҳои муборизаи Раҳмон бо оппонентҳои сиёсиаш низ хеле соддалавҳонаву ғайриахлоқӣ буданд ва пеши мардум ба зудӣ фош гардиданд. Филмҳои бепӯстирӯёнаи Кумитаи амният дар мавзӯи “муллои урён дар меҳмонии фоҳиша”, “наҳзатиҳои террорист”, “оппозитсияи хоини зархарид” дигар муҳаббати халқи тоҷикро нисбати “Раҳмони пешво ва сулҳофар” ҳеҷ зиёд накард. Китфони васеъ ва ҷуссаи фарбеҳи Раҳмонов низ хешони бешумори аз пушти ӯ  ба сиёсату бизнес воридгаштаашро аз назари мардум дигар пинҳон дошта наметавонад. Кор то ҷое расидааст, ки мардум ҳамарӯза дар доираҳои хурд ҷанҷолҳои яроқноку оташзаниҳои бозорҳоро миёни Хайрулло Асадуллоеви додарарӯс (соҳиби бозори “Фаровон”-и Қурғонтеппа) ва Зоир Соҳибови домод (соҳиби бозори “Ҳоҷӣ Шариф”), миёни гурӯҳҳои яроқноки Зоир — домод ва Илҳом-командир, миёни Амирулло Асадуллоеви додарарӯс ва Нусратулло Лутфуллоев (Нусрати Бетурсук)-и қарини Раҳмон муҳокима мекунанд.

Як кӯшиши нокомро аз филмсозиҳои беҳунаронаи командаи Раҳмон бо мақсади ба чашми мардум сиёҳ нишон додани рӯҳониён ва ҳизби характери динӣ дошта мисол меорем. Ин филми шогирдона ба наворгирифтаи амният аз “боздошт”-и як мулло аз деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) ҳангоми “ғари”-аш бо як фоҳишаи ҳамкори амният дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2015 дар интренет беист чарх мезад. Намедонам чаро бошад ки наворбардор объективи камераашро аз бадани урёни мулло ҳеҷ як тараф намегирифт ва фоҳишаи ҷавонро дуғ мезад, ки омада дар бари мулло рост истад. Ҳангоми наворбардорӣ мулло аз шарм мехост олоти ҷинсии дар ҳоли эрексия қарордоштаашро бо майкаи дар танаш буда пӯшонад. Оператори дар либоси низомӣ бошад маҷбураш мекард, ки домани майкаашро боло бардорад ва ин “зрелище”-ро аз наздиктар ба навор мегирифт. Шояд ин барои “тасдиқи гуноҳ”-и мулло зарур буд. Вале мумкин буд ин намояндаи “поквиҷдон”-и Раҳмон навори бадани урёни як инсонро, ки аз ҳуқуқи маҳрамият пурра бархурдор аст, танҳо бо мақсадҳои корӣ истифода бараду дар интернет нагузорад? Чунин тарзи ноодилонаи муборизаи Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам сари қудрат мондан танҳо нафрати мардумро нисбати ӯву командааш меафзуду халос.        

Раҳмон билкулл дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Тоҷикистон усули зӯровариро истифода нахоҳад кард. Дар фазои фалаҷии иқтисодиёт ва ҳолати мураккаби руҳии тоҷикистониён дар давраи корнавирус зӯроварӣ болои халқ метавонад норозигии дастҷамъонаи шаҳрвандонро ба миён орад. Таҷрибаи нокомиҳои охири истифодаи яроқ бар зидди мардум дар Бадахшон, ноком анҷом ёфтани кӯшиши болобарии нархи интернет дар Тоҷикистон ва норозигии рӯирости мардум тариқи расонаҳои иҷтимоӣ Раҳмонро ҳушдор медиҳад, ки дигар усули зӯроварии пешинааш ба кор намеравад. 

Пайгирӣ, таҳлил ва танқиди сиёсатҳои номардумонаи Раҳмон аз ҷониби блогерҳои сершумори мустақили тоҷикистонӣ, расонаҳои электронии берун аз кишвар таъсисёфта ва рӯй овардани хонандаи тоҷик ба сарчашмаҳои алтернативии ахбор нишондиҳандаи коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати сиёсати идоракунии Раҳмон аст. Ҳатто коментҳои дар зери роликҳои охири таблиғотии Раҳмон гузоштаи хонандаи тоҷикистонӣ низ баёнгари афзудани назари танқидии шаҳрвандони тоҷик дар солҳои охир аст.   

Таи тахминан панҷ соли охир Раҳмон бо мақсади фишор овардан ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбии мустақар дар Тоҷикистон гурӯҳҳои зудамали “эътирозгарон”-ро аз ҳисоби занону донишҷӯён таъсис дод, ки чанд бор назди сафорати Амрико, намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва сафорати Олмон “намоишҳои эътирозӣ” ташкил намуда, ба Тоҷикистон баргардонидани Абдумалик Абдуллоҷонов, Муҳиддин Кабирӣ ва аз ҳабс озод накардани Бузургмеҳр Ёровро талаб карданд. Таъсиси гурӯҳи “Ҷавонони Авангард” бо сарварии Мардихудо Давлатов, троллҳои “фабрикаи (фермаи) ҷавоб” низ маҳсули тахайюлоти амниятиҳои Раҳмон буданд, ки ба зудӣ парда аз рӯяшон бардошта шуд. 

Акнун дар ду-се соли охир берун аз кишвар таҷаммӯъҳо ва баромадҳои воқеии зиддираҳмонӣ рух дода истодаанд, ки аз фаъолгардии сиёсии мардуми Тоҷикистон дарак медиҳанд. Раҳмонро махсусан чанд таҷаммӯъи муҳоҷирони кории норозии тоҷикистонӣ дар аҳди коронавирус пеши сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба ташвиш овардааст. Таъҷилан ба ватан баргаштани шумораи зиёди муҳоҷирони корӣ пеш аз интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2020 низ Раҳмонро ба сардард гирифтор кардааст. Ин худ як сигналест ба стратегҳои Раҳмон доир ба вазъи муташанниҷи сиёсиву иҷтимоии баамаломада. Яхи сиёсатгурезии мардуми қаторӣ, ки Раҳмону амниятиҳояш дар солҳои ҳукмронии дурударози “Ҷаноб” ба вуҷуд оварданд, аллакай об шудаву ҷунбида истодааст ва дар ин ҳолат касе оромии вазъиятро дар давраи пешазинтихоботӣ ва ё пас аз он ба пуррагӣ кафолат дода наметавонад.

Моҳи марти соли 2020, дар оғози маъракаи пешазинтихоботии Раҳмон сафари таблиғотии ӯ ба ноҳияи Мастчоҳ якбора лағв гардид. Сабаб албатта коронавирус набуд, зеро раиси вилояти Суғд пас аз он маъракаи бодабдабаи пешвозгири Раҳмонро дар ҷашни Наврӯз ташкил кард. Сабаби аслӣ дар он буд, ки мастчоҳиҳо объектҳои банақшагирифтаи “ҷашни”-ро то омадани “пешво” сохта ба истифода дода натавонистанд. Агар ба ин масъала чуқуртар назар афканем, мебинем, ки қудрати соҳибкорони маҳаллӣ дигар ба ин саҳнасозиву пешвозгириҳои сермасраф намерасаду ин усули таблиғотии командаи Раҳмон, ки дар ҳар сафараш барои баромадҳои ӯ минбарҳои шоҳона месохтанд, дигар кӯҳнаву дилбазан шудааст. Сиёсати идоракунӣ дар баробари ҷомеъа рушд кардаву ҳамеша аз ҷониби роҳбарон навовариро тақозо менамояд. Дар ҳоли Раҳмон ва командаи ғайрикасбии ӯ захираҳои ақлонӣ ва фантазияашон комилан ба итмом расидааст ва акнун бояд ҷои худро ба гурӯҳи наву пурэнерҷитари роҳбарони ҷавон супоранд. Албатта ин ҷо командаи бойбачаҳои пурхӯру камсаводи Рустами Эмомалӣ дар назар нест.   

Дар маъракаи пеш аз интихоботи президентӣ (моҳи ноябри соли 2020) Раҳмон барои худро назди мардум “хуб”-у рақибони сиёсиашро “бад” нишон додан чи иқдоме хоҳад кард? Маълум аст, ки Раҳмон пас аз раҳгумии сиёсиаш дар авҷи вируси корона (моҳҳои апрел-маи соли 2020) ва сафараш ба Маскав бо баҳонаи ҷашнгирии солгарди ғалаба бар фашизм, вале дар асл маслиҳаткуниаш бо Путин доир ба такроран сари тахт монданаш, боз ба саҳнаи сиёсӣ баргаштаву маъракаи пешазинтихоботиашро оғоз кардааст. Ин дафъа ӯ барномаи мушаххасе пешниҳод карда наметавонад. Зеро ҳама усулҳои дилбазани популистиро аллакай истифода кардааст ва дар борхалтаи пешазинтихоботиаш ваъдаи наве надорад. Ӯ дигар ба як популисти дилбазане мубаддал гардидааст.                   

Популизм чист? мафҳуми манфии сиёсӣ буда, ҳамрадифи “беҳудагӯӣ” ва “ваъдаҳои бебунёд” аст, ки аз ҷониби сиёсатмадорон бо мақсади фиреб додани интихобкунандагони қаторӣ дар давраҳои пешазинтихоботӣ истифода бурда мешавад. Сиёсатмадорони популист дар навбати худ воқеӣ ва ваъдабоз мешаванд. Сиёсатмадорони серҷоғе чун Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои пешазинтихоботӣ назди мардум баромад карда, ба осонӣ ҳал намудани мушкилоти ҷиддиеро чун нобаробарӣ ва камбағалӣ ваъда медиҳанд. Вохӯриҳои охирини таблиғотии Раҳмон бо ду оилаи деҳқон дар шаҳри Ҳисору ноҳияи Рӯдакӣ бори дигар исбот кард, ки ӯ аз як популисти соддалавҳ ва сиёсатмадори сафсаттафурӯше беш нест. Барои Тоҷикистон бошад имрӯз сиёсатмадорони наву замонавие лозиманд, ки дар ин давраи мураккаб истиқлолияти мамлакатро ҳифз намоянд, муҳоҷирони меҳнатии беҳуқуқи дар ақсои олам паҳнгаштаи тоҷикро тадриҷан ба ватан баргардонанд ва кишварро аз вартаи нобудӣ раҳо созанд.  

Анвар Мунавваршоев,

таҳлилгари сиёсӣ   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *