Categories Хабарҳо

Б о н г

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон лоиҳаеро ба роҳ андохтааст, ки шартан онро метавон «Шикор дар Аврупо» номид.
Барои ин лоиҳа аз буҷа маблағи бузурге ҷудо карда шудааст. Дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва намояндагихои тиҷоратӣ саффи кормандони пагондор бештар шудаанд.

Ин гурӯҳ марказаш дар Берлин аст. Вазифаҳои аввалиндараҷаи «шикорчиён» бо шахсиятҳои таъсиргузоре, ки дар Аврупо ҳастанд ташкили вохӯриҳо, ҷалби онхо барои ҳамкорӣ, тухми нифоқ коштан байни рохбарияти мухолифон аст.

Барои ҳамаи онҳое, ки дар рӯихат ҳастанд, досье омода шудааст. Якеро бо пул мехаранд, ба дигаре ба воситаи хешовандонаш, ки дар Тоҷикистон ҳастанд таъсир мерасонанд. Онҳое, ки саркашӣ менамоянд, дар марҳилаи дуввум ба онҳо методҳои дигарро истифода мебаранд. Дар байни муҳоҷирон низ «паноҳандагони пагондор»- и зиёде фиристода шудаанд, ки вазифаи онҳо ҷамъоварии ахбор, муъайян кардани макони зист ва шумораи телефонҳои «одамони даркорӣ» аст.

Онҳо бисёр чарбзабон ва хушмуомила ҳастанд. Набояд ба доми макри онҳо афтед. Ва ягон вақт наҳаросед: онҳо наметавонанд ба шумо зарар бирасонанд. Дунё бесоҳиб нест. Агар мо чанд нафари онҳоро кашф кунем, онон дигар ҷуръат намекунанд, ки ба касе наздик шаванд. Ҳамаи онҳо мехоҳанд дар Аврупо бимонанд ва «персона нон-грата» шудан барои онҳо бадтарин ҷазост.

Агар «шикорчиён» бихоҳанд бо шумо мулоқот биороянд, ҳатман онҳоро аксбардорӣ кунед ва сӯҳбат бо онҳоро пинҳонӣ сабт намоед ва ба ман лутфан ирсол кунед.

Пеш аз навиштани ин паём, бо мақомоти Олмон сӯҳбатҳо доштам ва умедворам, ки онҳо намегузоранд, ки як кишвари бегона дар дили Аврупо ба амалиёти ҷосусӣ машғул бошад.

Додоҷон Атовуллоев

Манбаъ: саҳифаи фейсбукии муаллиф

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *