Рубрики Хабарҳо

Муҳаммадҷавод Зариф: Тоҷикистониён бародарон, ҳамзабонон ва ҳамдинони эрониён ҳастанд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ  бо ҳам дидор мулоқот доир карданд.

Ҷонибҳо оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба суҳбати судманд анҷом доданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар муносибати Теҳрон ва Душанбе гуфт, ки мардуми Тоҷикистон бародарон, ҳамзабонон ва ҳамдинони эрониён ҳастанд ва ин ҳамбастагии таърихӣ раднопазир аст.

Ӯ бо ишора ба нақши муҳимми коркунони намояндагиҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар хориҷ аз кишвар ба вижа кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон хотирнишон кард дилбастагиҳои фарҳангӣ ва таърихӣ ба равобити ду кишвар вижагии хоссе бахшидааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон бар густариши равобити Эрон ва Тоҷикистон дар тамомии заминаҳо ба вижа иқтисодӣ таъкид кард ва гуфт: Алоқамандиҳо ва дустии ду кишвар умқ ва густараи зиёде дорад.

Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон ба намояндаи аршади сиёсати хориҷии Эрон махсус таъкид кард, ки сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар ин ҷода орӣ аз “меъёрҳои духӯра” буда, дар ҳамаи сатҳҳо ба таври созандаву шаффоф пеш бурда мешавад.

Ҳамчунин таъкид намуд, ки масоили мубориза алайҳи таҳдидҳои амниятӣ аз қабили терроризму ифротгароӣ ва радикализми динӣ дар сархати  сиёсати давлати мо қарор доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *