Сафири фавқулъода ва мухтори Тоҷикистон дар Олмон ба қабули раисҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда рафтааст. Тибқи иттилои манбаъи Паём.нет ҳадаф аз ин сафар ва вохӯрӣ, дахолат ба муҳоҷирати тоҷикон ба ин кишвар ва кӯшиши нигоҳ доштани он аст.
Масъалаи дигаре, ки Маликшо Неъматов мехоҳад матраҳ кунад, конфронси САҲА дар Варшава будааст. Ёдовар мешавем, ки бештари тоҷиконе, ки аз дасти режими ҷинояткори Раҳмон фирор мекунанд, ба ин кишвар ворид мешаванд.
Ба назар мерасад мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд ҳукумати Лаҳистонро мутақоид кунанд, ки вазъ дар Тоҷикистон ором аст ва гурезаҳои тоҷик асосан гурезаҳои иқтисодианд. Вале бо гумони ғолиб кӯшишашон ноком хоҳад монд, чун аксари кишварҳои аврупоӣ, бахусус Лаҳистон аз вазъи тоҷикону Тоҷикистон ба хубӣ огоҳ гаштаанд. Аз тарафи дигар кишварҳои аврупоӣ ба ҳуқуқи инсон афзалият медиҳанд ва дар гумон аст танҳо бо пофишории Маликшо Неъматов назарашон тағйир кунад.