РИА Новости: Раисҷумҳури нахустини Украина Леонид Кравчук санаи 10 май пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 88-солагӣ даргузашт.
Леонид Кравчук нахустин раисҷумҳури Украина буд, ки аз соли 1991 то соли 1994 дар ин мақом адои вазифа кард.
Маҳз Кравчук аз ҷониби Украина буд, ки 8 декабри соли 1991 ҳамроҳ бо раисиҷумҳури РСФСР Борис Елтсин ва раиси Шӯрои Олии Беларус Станислав Шушкевич Созишномаи Беловежро дар бораи қатъи мавҷудияти ИҶШС имзо карданд.
Аз 28 июли соли 2020 то 21 феврали соли 2022 ӯ ба ҳайси раиси гурӯҳи тамос оид ба ҳалли вазъ дар Донбасс кор кардааст.
***
Euronews хабар додааст, бар асари ошӯб дар зиндони Санто-Доминго-де-лос-Колорадоси Эквадор 44 нафар кушта шуданд. Беш аз 220 боздоштшуда фирор кардаанд, вале пулис нисфи онҳоро боздошт карда тавонист.
Дар ин кишвар дар давоми камтар аз як сол тақрибан 350 нафар қурбони задухӯрдҳои байни маҳбусон дар чанд зиндон шудаанд.
Дар се вилояти Эквадор вазъияти фавкулодда эълон карда шуд. Гайр аз ин, кариб 1500 нафари дигар нозирони зиндон ба кор кабул карда шуданд
***
Хабаргузории Кувайт KUNA интишор кард, сарвазири Кувайт ва аъзоёни хукумат истеъфо доданд
Амири Кувайт Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ рӯзи сешанбе истеъфои нахуствазири ин кишвар ва аъзои кобинаи ӯро пазируфт. Сабабҳои истеъфои кобинаи вазирони Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ ифшо нашудааст. Сарвазири феълии АМА дар нимаи моҳи декабри соли 2019 ба кор шурӯъ карда буд.
***
Раисҷумҳури Литва Гитанас Науседа ҳафтаи оянда ба Озарбойҷон сафар мекунад.
Дар ҷараёни сафар ӯ дар форуми тиҷоратии Озарбойҷону Литва, ки 18 май дар Боку баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Ҳадафи аслии баргузории ҳамоиш таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар, ҷустуҷӯи шарикони эҳтимолӣ ва роҳандозии робитаҳои нави тиҷоратӣ мебошад.
***
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт таъйид кард, ки аз оғози ҷанг дар Украина 200 маротиба ҳамла ба муассисоти пизишкӣ сурат гирифтааст. Дар ин бора директори генералии СҶБ Тедрос Гебрейюс хабар дод.
Қайд мешавад, ки мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз Русия даъват кардааст, ки ин ҷангро қатъ кунад.
***
Аввалин ҳавопаймои ҳомили паноҳандагон аз Украина ба Нюфаундленди Канада расид. Бино ба хабари ширкати радиошунавонии Канада, ҳавопаймо бо 166 гуреза, аз ҷумла 55 кӯдак, аз Катовисеи Лаҳистон омадааст.
Гурезаҳоро губернатори Нюфаундленд Эндрю Фьюри пешвоз гирифт.
Ҳукумати Канада дар миёнаҳои моҳи апрел барномаи вижаи қабули паноҳандагони украиниро эълон карда буд. Бар асоси ин барнома, украиниҳо метавонанд бидуни раводид ба Канада омада, барои се сол муҷаввизи кору зиндагӣ дар ин кишвар бигиранд.
Гурезаҳое, ки дирӯз ба Канада омадаанд, аввалин мусофирони пули ҳавоии аз ҷониби ҳукумат сарпарастишуда мебошанд, аммо аллакай ҳазорон гурезаҳои украинӣ дар Канада ҳастанд.
Тибқи маълумот, дар соли ҷорӣ 19 ҳазор шаҳрванди Украина вориди Канада шудаанд ва ҳукумат аз нимаи моҳи март то 90 ҳазор дархости раводиди Украинаро тасдиқ кардааст.
***
ТАСС хабар дод, ки бар асоси баёнияе, ки дар вебсайти вазорати беҳдошти Куба нашр шуд, бар асари таркиш дар меҳмонхонаи Саратога дар Гавана дасти кам 40 нафар кушта шуданд.
Дар миёни кушташудагон чаҳор кӯдак низ ҳастанд, дар ин ҳодиса 94 нафар захмӣ шудаанд, ки 18 нафари онҳо феълан дар бемористонанд.
***
Ин тирамоҳ Эрдуғон ба Қазоқистон сафар мекунад
Раҳбарони Туркия ва Қазоқистон дар доираи маҳдуд дидору гуфтугӯ мекунанд. Онҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегиро баррасӣ мекунанд.
Ба таҳкими робитаҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
***
Дар сомонаи порлумони Литва хабаре нашр шуд, ки Сейми Литва Русияро ба унвони як давлати террористӣ эътироф кардааст.
Дар робита ба ҳодисаҳои дар Украина рухдода ҳамаи 128 вакил якдилона бар ҷонибдорӣ раъй додаанд.
Дар матни қатънома аз рӯйдодҳои шаҳрҳои Буча, Ирпен, Мариуполь, Бородянка, Гостомел ва “ҷиноятҳои низомии вазнини ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди башарият алайҳи мардуми Украина навишта шудааст. Литва талаб дорад, ки барои ҷавобгарии Русия як додгоҳ таъсис дода шавад.
************