Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ки ба далели ошкор шудани коронавирус дар бадани ду узви ҳайъати кишвараш дар тантанаҳои бахшида ба 75-солагии ғалаба дар Маскав иштирок карда натавонист, сафарашро пеш аз муҳлат қатъ карда, ба Бишкек парвоз кардааст.
Сухангӯи ӯ Толгонай Стамалиева хабар дод, ки баъди расидан ба Бишкек, он ду нафари гирифтори коронавирус барои 14 рӯз таҳти карантин қарор гирифта, аъзои дигари ҳайъат, аз ҷумла президент Жээнбеков дастикам 3 рӯз, то маълум шудани натиҷаҳои ташхисашон дар ҳолати худинзивоъ (самоизоляция) қарор хоҳанд гирифт.
Ба гумони ғолиб сафари навбатии Жээнбеков ба Русия, ки мебоист рӯзи 30 июн сурат бигирад, низ лағв хоҳад шуд. Жээнбеков рӯзи 23 июн барои иштирок дар таҷлили ғалаба бар фашизм ба Маскав омад.
Ӯ ва аъзои ҳайъати расмии Қирғизистонбаъди расидан ба Маскав аз ташхиси коронавирус гузаштанд, вале натиҷаҳои ташхиси мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Дониёр Сидиқов ва як корманди хадамоти муҳофизат мусбат баромад ва ба ин далел Жээнбеков аз иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ худдорӣ кард.