VoLTE (Voice over LTE) – технологияи пешқадам, ки барои занг задан дар дохили шабакаи 4G/LTE имкон медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки шумо метавонед ҳамсуҳбататонро бо сифати HD шунавед ва аз интернет озодона истифода баред. Ба муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” технология аз соли 2021 дастрас аст. Ба шумо дар бораи тарзи иҷрои амалҳо маълумот медиҳем.
Панҷ сабаби пайваст намудани VoLTE
Технология ба муштариён чӣ медиҳад? Он якбора якчанд афзалиятҳои калон дорад. Якум – садои комилан тозаи HD Voice. Садодиҳии табиӣ, шунаво ва баланди овоз махсусан замоне намоён аст, вақте ки функсияи VoLTE-ро ҳар ду ҳамсуҳбат фаъол карда бошанд.
Афзалияти дуюм – имконияти дар як вақт суҳбат кардан бо телефон ва истифодабарӣ аз интернети мобилии босуръат мебошад. Ҳангоми суҳбат метавонед видео тамошо кунед, дар паёмрасонҳо муошират намоед, акс ва видео ирсол кунед, файлҳоро боргирӣ карда, онлайн кор кунед. Ин беҳад қулай аст.
Афзалияти сеюм – сарфаи нерӯи аккумулятор. Даъватҳои овозӣ тавассути шабакаи 4G/LTE анҷом дода шуда, смартфон ба шабакаҳои 2G/3G намегузарад, ки ин сарфи қувваро кам менамояд. Нерӯи телефон ба муддати дароз кифоягӣ мекунад.
Афзалияти чорум – пайвастшавии фаврӣ. Бо VoLTE он ба ҳисоби миёна 1 сония вақт мегирад, дар ҳоле ки дар шабакаҳои 2G/3G 5-10 сонияро ташкил медиҳад. Сарфаи вақт ва канораҷӯӣ аз талошҳои зиёдатӣ!
Ниҳоят, афзалияти панҷум: ҳамаи омилҳои болозикр барои муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дастрасанд. Илова бар ин, оператор мунтазам иқдомҳо гузаронида, бо бастаҳои интернетии иловагӣ барои истифодаи фаъолонаи VoLTE ҳавасманд мегардонад.
Ҳамин тариқ: оё шумо мехоҳед, ки имконияти пайдо кардани садои тоза, фавран пайваст шудан бо ҳамсуҳбат ва омезиш додани зангҳоро бо интернет дошта бошед? VoLTE-ро пайваст кунед!
VoLTE-ро чӣ тавр фаъол кардан мумкин аст
Агар смартфони шумо дорои имконияти таъмини садо дар шабакаи LTE ва SIM-корти 4G бошад (ҳамаи инҳо моделҳои маъруфи баъди соли 2018 истеҳсолшуда мебошанд), хизматрасонӣ метавонад ба таври автоматӣ фаъол гардад. Аммо бинобар як қатор сабабҳо технология худ ба худ на ҳама вақт пайваст карда мешавад. Вале аз ин сабаб худро аз бартариҳои зиёд маҳрум карда наметавонед! Танҳо ба танзимот ворид шавед, сипас “Сеть / SIM-карта” – “VoLTE”-ро интихоб намуда, функсияро фаъол созед.
Тарзи фаъолкунӣ вобаста аз модел метавонад каме фарқ кунад. Аз ин рӯ, муайян мекунем:
- Samsung: “Подключения” → “Мобильные сети” → “VoLTE”;
- Xiaomi / Redmi / POCO: “SIM-карты” → “Выбрать SIM” → “Включить VoLTE”;
- Huawei / Honor: “Беспроводные сети” → “Мобильная сеть” → “VoLTE вызовы”;
- iPhone: “Сотовая связь” → “Параметры передачи данных” → “Включить LTE” → “Голос и данные”.
Агар опсияи VoLTE инъикос наёбад, танзимоти операторро нав кунед: “Настройки” → “Основные” → “Об этом устройстве”.
Таваҷҷуҳ намоед: барои шумо лозим меояд, ки на танҳо функсияи VoLTE-ро дар смартфон фаъол созед, балки хизматрасониро аз ҷониби оператор пайваст намоед. Ин амалро тавассути мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ё дар Маркази хизматрасонӣ анҷом додан мумкин аст. Дастурамали пурра бо суроғаи зерин дастрас мебошад.
Садои ниҳоят тозаро шунавед ва ҳамзамон интернетро бо VoLTE аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” истифода баред!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube