Рубрики Pressa

Наврасони Тоҷикистон дар CAFA-2025 ширкат мекунанд


Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Далер Каёсов дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2025), ки аз 24 то 31-уми май дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар чемпионати CAFA-2025 шаш дастаи минтақа – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон бозӣ мекунанд.

Дар қуръакашии мусобиқа дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо дар як давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар бозии ниҳоӣ вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойи дуюмро ишғол мекунанд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Инчунин, бозӣ барои ҷойҳои панҷум-шашум баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *