Рубрики Хабарҳо

Сипоҳи посдорони Эрон нерӯи дарёии Амрикоро таҳдид ба ҳамлаи мутақобил кард

Ҳусайн Саломӣ мегӯяд ба воҳидҳои низомии Сипоҳ дастур дода шуда дар сурати “ба хатар” афтодани амнияти киштиҳои Эрон тавассути нерӯи дарёии Амрико онҳоро ҳадафи ҳамла қарор диҳанд. Вазири хориҷаи Эрон низ аз Амрико хост мӯҷиби “хашм”-и Эрон нашавад. 

Веб-сайти “Сипоҳ нюз”, вобаста ба равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе 23 апрел ба нақл аз Ҳусайн Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорон аз дастури ӯ ба воҳидҳои низомии ин орган хабар дод. Бинобар ин фармон, агар шиновар ё воҳиди ҷангӣ аз нерӯҳои дарёии артиши Амрико “бихоҳад амнияти киштиҳои ғайрҷангӣ ва ё шиноварҳои размӣ”-и Ҷумҳурии исломиро мавриди “хатар қарор диҳад, он шиновар ва ё воҳиди низомӣ” ҳадафи ҳамла қарор хоҳад гирифт. 

Ӯ ҳамчунин бо ишора ба партоби “моҳвораи чандманзураи “Нур”” онро муваффақияте дар “тавсеаи қаламрав ва қудрати дифоъӣ”-и Ҷумҳурии исломӣ донист ва таъкид кард, ки ин фаъолиятҳо мутаваққиф нахоҳад шуд. 

Партоби моҳвораи “Нур” аз сӯи Ҷумҳурии исломӣ билофосила бо вокуниши мақомҳои Амрико рӯ ба рӯ шуд. Доналд Трамп, раисҷумҳур Амрико дар нишасти хабарии Кохи сафед гуфт, ки Амрико иқдомоти Эронро зери назар дорад ва аз чандучуни он огоҳ аст. Майк Пампео, вазири хориҷаи Иёлоти муттаҳида низ партоби мушаки моҳворабари Сипоҳро маҳкум кард ва гуфт “Эрон бояд дар ин замина ҳисоб пас бидиҳад.” 

Ҷумҳурии исломӣ пеш аз ин панҷ бор иқдом ба партоби моҳвора карда буд ва ҳар бор бо суқути онҳо дар расидан ба аҳдофи худ, шикаст хӯрда буд. 

Ин муваффақият илова бар таблиғоти бисёр фармондеҳони низомии Эрон бо вокуниши Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳур, Валӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ рӯ ба рӯ шуд. Рӯҳонӣ, албатта бо як рӯз таъхир, онро ба Сипоҳ табрик гуфт ва Шамхонӣ дар твитте навишт: “Таҳрим, таҳдид ва татмиъи сиёсӣ наметавонд ҳаракати Ҷумҳурии исломӣ дар масири таъмини манофеъи миллӣ ва ҳуқуқи қонунияшро кунд намояд.” Ӯ дар ин твит муддаӣ шуд, ки “тавлиди мустамари қудрат ва баҳрагирӣ аз дониши рӯз барои амният ва рифоҳи мардуми Эрон аз бемористон то фазо идома хоҳад дошт”. Шамхонӣ ҳамчунин аз “ғофлгирӣ”-и баъдӣ хабар дод. 

Хазинаи сангини низомии Ҷумҳурии исломӣ дар ҳоле аст, ки Эрон барои мубориза бо коруно аз сандуқи байналмилалии пул тақозои панҷ миллиард доллар кардааст. 

Вокуниши вазорати хориҷаи Эрон 

Таҳдидҳои рӯзи панҷшанбеи фармондеҳи Сипоҳ ба твитте бармегардад, ки Доналд Трамп як рӯзи қабл аз он мунташир карда ва дар он навишт, ки ба артиши Амрико дастур додааст то ба ҳар қаиқи эронӣ, ки музоҳими киштҳои нерӯи дарёии Амрико шавад ҳамла карда ва онро мунҳадим кунанд. 

Ҳафтаи гузашта новгони панҷуми нерӯи дарёии Амрико дар баёнияе эълом карда буд, ки қаиқҳои Сипоҳм посдорон манёврҳои “хатрнок ва таҳриккунандаҳое”-ро дар наздикии киштиҳои амрикоӣ ва киштиҳои горди соҳилӣ дар Халиҷи Форс анҷом додаанд. 

Аммо фармондеҳи кулли Сипоҳ дар суханони рӯзи панҷшанбеи худ бо ишора ба он чи миёни нерӯи дарёии Амрико ва қаиқҳои Сипоҳ рух дода гуфт: “шиноварҳои Амрико дар ҳафтаи гузашта ба далели рафторҳои ғайриҳирфаӣ ва хатарофарине музоҳиматеро барои киштии лоҷистикии мо эҷод карданд ва вақте, ки шиноварҳои мо дар дарё машғули гаштзанӣ буданд онҳо ҳароснок шуданд; Бинобарин он чи дар ҳафтаи гузашта иттифоқ афтод, рафтори ғайриҳирфаӣ ва хатарофарини амрикоиҳо дар Халиҷи Форс буд.” 

Вазорати хориҷаи Эрон низ ба твитти Доналд Трамп вокуниш нишон дод ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломӣ дар ҳисоби твиттерии худ навишт артиши Амрико “беш аз 5000 мавриди мубтало ба COVID-19 дорад” ва раисҷумҳури ин кишвар беҳтар аст ба “ниёзҳои онҳо расидагӣ кунад” ва на иқдом ба таҳдид. 

Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе аз эҳзори сафири Суис дар Теҳрон ба унвони ҳифзи манофеъи Амрико хабар дод. Ў гуфт ба сафири Суис ёддоште дода шуд, ки дар он “маротиби эътирози шадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба “таҳдидот”-и нерӯҳои амрикоӣ дар наздикии обҳои шимоли Халиҷи Форс “иблоғ” шудааст

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *