Рубрики Pressa

Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Нарендра Моди дар Чин


Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди дар Чин суҳбат карданд.

Суҳбати ҷонибҳо дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷини Чин баргузор шуд.

“Зимнан доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию башарӣ табодули афкор сурат гирифт”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Сарони ҳар ду давлат аз раванди рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноат намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *