Дар Индонезия тайи як шабонарӯзи охир ҳадди ақалл 26 нафар қурбонии силсилаи заминҷунбиҳо шуданд. Дар ин бора France-Presse (AFP) бо истинод ба хадамоти фавқулодаи Индонезия хабар дод
Қаблан Reuters хабар дода буд, ки дар тӯли шабонарӯзи гузашта ҳадди ақалл ҳафт нафар қурбони силсилаи заминларзаҳо дар Индонезия гардиданд ва қариб 600 нафар захмӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ ба дунболи заминҷунбиҳои 5,7 ва 6,2-дараҷагӣ дар ҷазираи Сулавеси метавонанд пасларзаҳои шадид рух диҳанд.
Тибқи маълуммоти расонаишуда таҳдиди сунамӣ низ вуҷуд дорад. Ҳавошиносони Индонезия гуфтаанд, ки онҳо аллакай беш аз 25 пасларзаро сабт кардаанд. Тавре пойгоҳи иттилорасони Detik иттилоъ медиҳад, бо фармони Ҷоко Видодо, президенти Индонезия, ба музофоти офатзадаи Сулавеси Ғарбӣ Три Рисмахарини, вазири корҳои иҷтимоӣ рафтааст.
Қаблан пойгоҳи иттилорасони Детик бо истинод ба маълумоти Агентии миллии мубориза бо офатҳои табиӣ иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ ҳадди ақалл се нафар ҳалок ва 24 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Тақрибан 2 ҳазор нафар дар Сулавеси Ғарбӣ маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд. Офати табиӣ беш аз 60 бино, аз ҷумла дафтари волии маҳаллӣ ва бинои меҳмонхонаро хароб кардааст. Заминҷунбӣ инчунин боиси фаромадани якчанд ярч шудааст.
Агентии Франс Пресс бо истинод ба намояндаи хадамоти наҷотдиҳии маҳаллӣ хабар дод, ки беш аз 10 нафар дар зери харобаҳои бинои фурӯрафтаи бемористон дар маркази маъмурии вилоят — шаҳри Мамуҷу қарор доранд.