Гурӯҳи Опек плюс тасмим гирифт аз моҳи ноябр тавлиди рӯзонаи нафтро 2 миллион бушка коҳиш диҳад.
Вузарои энержӣ ва нафти Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (Опек) ва гурӯҳи Опек плюс, ки муташаккил аз бархе кишварҳои тавлидкунандаи ғайри Опек аст, тасмим гирифтанд аз моҳи ноябр тавлиди рӯзонаи нафтро 2 миллион бушка коҳиш диҳанд.
Сисевумин иҷлоси вазирон дар Вена пойтахти Утриш бо ҳузури 13 узви Опек ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ва вузарои энержӣ ва нафти 10 кишвари ғайри узви тавлидкунандаи нафт ба раҳбарии Русия ба манзури арзёбии шароити бозор ва баррасии мизони он баргузор шуд.
Дар поёни ин нишаст кишварҳои узв бо интишори баёнияе эълом карданд, ки тавлиди рӯзонаи нафт аз ноябри 2022 коҳиш хоҳад ёфт.
Дар ин баёния омадааст, ки тасмимоти гирифташуда дар нуздаҳумин иҷлоси кишварҳои Опек ва ғайри Опек идома хоҳад ёфт ва нишасти вазирони гурӯҳи Опек монанди қабл аз шуйӯъи коруно, ҳар 6 моҳ якбор баргузор мешавад.
Нишасти баъдӣ бо ҳузури вузарои энержӣ ва нафти кишварҳои Опек ва ғайри Опек дар чаҳоруми декабр баргузор мешавад.
Дар нишасти қаблӣ, кишварҳои гурӯҳи Опек плюс тасмим гирифта буданд тавлиди рӯзонаи нафти худро дар моҳи октябр 100 ҳазор бушка коҳиш диҳанд.