Рубрики Хабарҳо

Дар натиҷаи заминларза дар Сари Хосор 84 хонаи сокинон хароб шудааст

Дар ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, дар натиҷаи заминҷунбии пай дар пайи тули панҷ рӯз аз 30 март то имрӯз 84 хонаи сокинон хароб шудааст.
Тавре Радиои Озодӣ аз рӯи маълумоти Ҳасан Иброҳимзода, раиси ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон хабар медиҳад, бар асари заминларза чаҳор манзили зист комилан ва ҳаштод хонаи дигар қисман хароб шудааст.

​Олимҷон Солиев, вакили маҳаллӣ аз Сари Хосор гуфтааст, ба осебдидаҳо то кунун ҳеч кумак дастрас накардаанд. “Шумораи зиёндидагон аз сад нафар бештар аст, вале гурӯҳи вижа на ҳамаро ба инобат мегирад. Хонаи худам ҳам зиён дидааст. Деворҳо то панҷ сантиметр кафидаанд. Зиндагӣ дар ин хонаҳо хатарнок шудааст. Гурӯҳ на ҳамаро ба назар мегирад. То ҳол ҳеч ёрӣ нашудааст», — гуфтааст Олимҷон Солиев.

Ҷамоати Сари Хосор дурдасттарин минтақа дар вилояти Хатлон аст, ки роҳи душворгузар дорад.

Ҳамчунин Идораи тадқиқоти геологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар додааст, ки 2 апрели соли 2018 соати 03:00 зилзила бо магнитудаи 4,1 бал дар 4 километрии шимолу шарқии Роштқалъаи Тоҷикистон, дар масофаи 149 км. ба қайд гирифта шудааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.​ Мақомоти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтанд, ки дар як соли охир дар қаламрави кишвар 26 ҳазор мавриди заминҷунбӣ сабт шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *